МАҶЛИСИ ФАЪОЛОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ДАР НӮҲ МОҲИ СОЛИ 2025

15.10.2025
print

14 октябри соли 2025 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нӯҳ моҳи соли 2025 баргузор гардид.

 

Ҷаласа таҳти раёсати Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода, ҳамчунин муовини якуми Раиси ноҳия, муовинони Раиси ноҳия ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шӯъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилот, роҳбарони муассисаҳои таълимию тандурустӣ, раисони Шурои маҳаллаҳо, раисони хоҷагиҳои деҳқони калонхаҷм ва имомхатибон иштирок доштанд.

 

Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ҷаласаро ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои заруриро амалӣ намуд. Фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин давра ҷиҳати таъмини иҷрои амру фармон ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин амалисозии барномаҳои соҳавию минтақавӣ мусбат арзёбӣ мегардад.

 

Сипас доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нӯҳ моҳи соли 2025 гузориши муовини Раиси ноҳия Ганҷина Нуруллозода шунида шуд. Қайд гардид, ки

нақшаи даромади буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоӣ дар нуҳ моҳи соли 2025 ба андозаи 100,8 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 58 миллиону 620 ҳазор сомонӣ ба буҷет 59 миллиону 113 ҳазор 735 сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 493 ҳазору 735 сомонӣ зиёд мебошад.

 

Дар нуҳ моҳи соли равон ба буҷети маҳаллии ноҳия 49 миллиону 470 ҳазору 745 сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 732 ҳазору 745 сомониро ташкил дод, ки баробари 101,5 фоизи нақша мебошад.

 

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 123 миллиону 89 ҳазору 900 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 121 миллиону 472 ҳазору 300 сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 98,7 фоизи нақша мебошад.

 

Дар 9 моҳи соли равон ба фонди иҷҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия тибқи нақша 33 миллиону 780 ҳазору 569 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои нақша 33 миллиону 882 ҳазору 216 сомонӣ таъмин карда шуд.

 

Айни ҳол мувофиқи ноҳия 29 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолият менамоянд, ки дар ин давра аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ, хизматрасонӣ ва бахшҳои хусусии ноҳия ба маблағи 112 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 миллион сомонӣ зиёд буда, 106,7 фоизро ташкил медиҳад.

 

Дар давоми 9 моҳи соли равон бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 3 адад корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ таъсис дода шуданд, ки он Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Мирсафо”, ки бо истеҳсоли мебел барои хона, “Додобоев Иброҳим” ва “Қобилов Беҳзод” бо истеҳсоли дару тирезаҳои плпстикӣ бо таъсиси 6 адад ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри таъмини рушди инфрасохторию коммуникатсионӣ ва бо мақсади тақвияти корҳои ободониву созандагӣ дар доираи вазифагузориҳои барномавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда чораву тадбирҳои зарурӣ амалӣ намуда истодааст.

 

Ҳамчунин дар нуҳ моҳи соли 2025 дар ноҳия дар маҷмуъ дар масофаи 243,9 километр роҳҳо таъмир гардида, аз ҷумла дар масофаи 49,9 километр таъмири асосӣ, 43 километр таъмири ҷорӣ ва 151 километр роҳҳо шағалпӯш карда шуданд. Барои иҷрои корҳо 24 миллиону 246 ҳазору 500 сомонӣ, аз ҷумла 115 ҳазор сомонӣ аз буҷети Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ 24 миллиону 131,5 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардид.

 

Аз ҷумла, бо дастгирии соҳибкорону аҳолӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ 1,9 километр роҳҳои дохилӣ ба маблағи 902 ҳазору 500 сомонӣ, дар Ҷамоати деҳоти Ғазантарак 10 километр роҳҳои дохилии деҳаҳо ба маблағи 4 миллиону 750 ҳазор сомонӣ, дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат 9,7 километр роҳҳои дохилӣ ба маблағи 4 миллиону 607 ҳазору 500 сомонӣ, дар Ҷамоати деҳоти Росровут 8,5 километр ба маблағи 4 миллиону 37 ҳазору 500 сомонӣ, дар Ҷамоати деҳоти Далёни Боло 1,5 километр ба маблағи 712 ҳазору 500 сомонӣ, дар Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ 6,3 километр ба маблағи 2 миллиону 992 ҳазору 500 сомонӣ ва дар Ҷамоати деҳоти Муҷун 12 километр ба маблағи 5 миллиону 700 ҳазор сомонӣ асфалтпӯш карда шуд.

 

Дар нуҳ моҳи соли 2025 дар ноҳия 144 миллиону 221 ҳазор Кв/соат қувваи барқ ба маблағи 36 миллиону 653 ҳазор сомонӣ истифода шуда, пардохти маблағи он 36 миллиону 529 ҳазор сомонӣ таъмин гардидааст, ки 99,6 фоизро ташкил медиҳад.

 

Дар ин давра ба аҳолии ноҳия 37 миллиону 908 ҳазор кВт/ соат барқ интиқол гардида, аз 12 миллиону 773 ҳазор сомонӣ ҳаққи истифодаи барқ пардохти он 12 миллиону 930 ҳазор сомонӣ ё ба 102, 2 фоизи ҳаққи истифодаи барқ баробар мебошад.

 

Дар ноҳия шумораи соҳибкорони хурду миёна ба санаи 1-уми октябри соли 2025 аз аввали бақайдгирӣ 4 ҳазору 256 адад буда, аз он ҷумла, хоҷагиҳои деҳқонӣ 2599 адад, аз рӯи патент 714 адад, шаҳодатнома бо шартҳои махсус ва шаҳодатнома 943 ададро ташкил медиҳад.

 

Кишоварзони ноҳия ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба 1 милиарду 519 милиону 808,9 ҳазор сомонӣ расонидаанд, ки 102,7 фоизро ташкил медиҳад.

 

Дар соли ҷорӣ мувофиқи ноҳия дар майдони 42 ҳазору 85 гектар кишти зироатҳо гузаронида шудааст. Аз он ҷумла, 29 ҳазору 80 гектар ғалладонагиҳо, 8 ҳазору 638, 1 гектар картошка, 184,8 гектар зироатҳои техникӣ, 1090,4 гектар сабзавот, 4060, 5 гектар полезӣ гузаронида шудааст.

 

Дар давраи нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 56 ҳазору 752,6 тонна галладонагиҳо 140 ҳазору 665 тонна картошка, 37, 336 тонна сабзавот, 9852,4 тонна полезӣ, 8056,7 тонна меваҷот, 6013,1 тонна ангур, инчунин маҳсулоти чорводорӣ истеҳсоли гӯшти чорвою паранда бо вазни зинда 2 ҳазору 44,4 тонна, ки 110 фоиз мебошад.

 

Гӯшти паранда 81,8 тонна, шир 13 ҳазору 652,8 тонна, тухм 6 миллиону 700 ҳазор 200 дона, пашм 224,6 тонна, пилла 3 тонна, асал 38,4 тонна, оилаи занбӯри асал 18,99 ададро ташкил медиҳад.

 

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия саршумори чорвои калони шохдор 97 ҳазору 356 сар, аз ҷумла, модагов 53 ҳазору 211 сар, моли майдаи шохдор 180 ҳазору 703 сар, паранда 117 ҳазору 340 сар ва асп 1063 сарро ташкил медиҳад.

 

Дар соли таҳсили 2024-2025 дар ноҳия 83 адад муассисаҳои таълимӣ ва тарбия фаъолият мебарад, ки аз инҳо 1 – адад Маркази таҳсилоти иловагӣ бо шумораи умумии 580 нафар хонанда, 13-адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо шумораи 1850 нафар кўдак, 66-адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 гимназия бо шумораи 42 ҳазору 914 нафар хонанда мебошанд.

 

Шумораи омузгорони ноҳия 2804 нафар, аз ҷумла занон 1456 нафарро ташкил намуда аз онҳо 1214 нафар бо таҳсилоти олӣ, 96 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 146 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус фаъолият мебаранд.

 

Шумораи умумии кормандони соҳаи тандурустии ноҳия 1500 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 191 нафар табибон ва 897 нафар кормандони миёнаи тиб буда, ба аҳолии ноҳия 8 адад беморхонаҳои ноҳиявӣ, 2 адад Маркази саломатии ноҳиявӣ, 18 адад Марказҳои саломатии деҳот ва 20 адад бунгоҳҳои саломатӣ хизмат мерасонад.

 

Норасогии кадрӣ дар муассисаҳои табобатии ноҳия 6 нафарро ташкил намуда, мутахассисон дар самтҳои табиби пӯст,-1 нафар, табиби оилавӣ 2 нафар, табиби физиотерапевт-1 ва акушер- генеколог 2 нафар намерасанд,

 

Шумораи нафақагирон дар ноҳия 18053 ҳазор ба қайд гирифта шуда аз ҷумла шумораи умумии маъюбон 3972 нафар, аз онҳо маъюбони гурӯҳи 1-ум 376 нафар, маъюбони гурӯҳи 2-юм 1873 нафар, маъюбони гурӯҳи 3-юм, 942 нафар, маюбони то синни 18-сола 781 нафар.

 

Инчунин маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 2 нафар, маъюбони садамаи Чернобил 9 нафар, маъюбони Артиши миллӣ 36 нафар, маъюбони сохти конститутсионӣ 5 нафар, маъюбони осеби меҳнатӣ 5 нафар таъйин карда шудааст.

 

Дар ноҳия 3622 адад оила ҳамчун оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шудаанд. Ба ҳолати якуми июли соли 2025 ба оила ва шаҳрвандони камбизоат ба маблағи 3 миллиону 354 ҳазору 693,75 сомонӣ кумакпулӣ пардохт карда шудааст.

 

Дар ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 50 муассисаҳои фарҳангӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 5 хонаҳои фарҳанг, 16 клубҳо, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 24 китобхонаҳо, 1 театри халқӣ ва 1 мактаби санъати бачагонаи ба номи Дамирбек Олимов ба аҳолии ноҳия хизмати маданӣ мерасонанд. Инчунин, дар ноҳия ансамблҳои рақсии “Гулоро” ва “Парасту” фаъолият мебаранд.

 

Дар давоми нуҳ моҳи соли 2025 дар миқёси ноҳия 1579 чорабиниҳо бо иштироки 143764 нафар тамошобинон гузаронида шуд.

 

Ҳамчунин rайд крадан ҷоиз аст, ки дар як вақт ҷиҳати ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар ноҳия фаъолияти як мактаби варзишӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар он 29 гурӯҳ бо фарогирии 395 машқварзони наврасу ҷавон ҳамарӯза ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.

 

Дар ин давра дастпарварони мактаби варзишии ноҳия дар мусобиқаҳои гуногуни вилоятию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, ба хазинаи варзишии ноҳия дар маҷмӯъ 99 медал аз онҳо 31 медали тилло, 34 нуқра ва 34 биринҷӣ ворид намуданд.

 

Дар ноҳия нақшаи чорабиниҳо оид ба сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 585-бандро ташкил медиҳад, ки аз он 2 банд аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ, 5 банд вилоятӣ, 9 банд ноҳиявӣ, 42 банд бо ҷалби ташкилотҳои хориҷӣ, 42 банд хоҷагии деҳқонӣ, 485 банд аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ мебошанд. Аз он ҷумла, муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ 23 адад, муассисаҳои табобатӣ 7 адад, сартарошхона 9 адад, дорухона 2 адад, ҳаммом 4 адад, толорҳои варзишӣ 7 адад, боғи фарҳангию фароғатӣ 2-адад, қасри фарҳанг 2 адад, марказҳои хизматрасонӣ 86-адад, маркази савдо ва мағозаҳо 15 адад, корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ 7 адад ва иншоотҳои таъиноташон гуногун 421-ададро ташкил медиҳад.

 

Ба ҳолати имруза аз 585 банд иншоотҳои ба нақша гирифташуда, 532 банд сохта, ба истифода дода шуд, ки дар ин замина 5339 ҷойҳои нави кории доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шудаанд, ки 91 фоизи нақшаро дарбар мегирад.

 

Дар идомаи ҷаласа вобаста ба масоили соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, коҳишёбии ҳаҷми истеҳсолот, ҷавонон ва варзиш, даъвати тирамоҳӣ, истифодаи самаранокии замин ва об, аз тарафи Раиси ноҳия ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ карда шуд.

 

Дар фарҷом намояндаи мақомоти давлатии вилоят, сардори Раёсати кор ба ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёрзода Исматзода баромад намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришхо дод.

 

Ҷаласаи мазкур бо вазифагузориҳои Раиси ноҳия дар 3 моҳи минбаъда анҷом ёфт.

 

Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Деваштич

 

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code