14 октябри соли 2025 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нӯҳ моҳи соли 2025 баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода, ҳамчунин муовини якуми Раиси ноҳия, муовинони Раиси ноҳия ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шӯъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилот, роҳбарони муассисаҳои таълимию тандурустӣ, раисони Шурои маҳаллаҳо, раисони хоҷагиҳои деҳқони калонхаҷм ва имомхатибон иштирок доштанд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ҷаласаро ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои заруриро амалӣ намуд. Фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин давра ҷиҳати таъмини иҷрои амру фармон ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин амалисозии барномаҳои соҳавию минтақавӣ мусбат арзёбӣ мегардад. Сипас доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нӯҳ моҳи соли 2025…