ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШИТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БАХШИДА БА РЎЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо / 04.11.2025

  Ҳамдиёрони азиз!  Фарорасии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии кишварамонро таъмин намуда, кафили баробарҳуқуқии шахс, озодӣ, дӯстии тамоми халқу миллатҳо мебошад, ба кулли сокинони шарафманди ноҳия табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагон хотири ҷамъ, саломатии комил, хонаободӣ ва дастоварду комёбиҳои бепоён таманно менамоям. Ин санади муҳими тақдирсози миллат 6-уми ноябри соли 1994  дар марҳилаи душвор ва барои миллат тақдирсоз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, имконият фароҳам овард, ки дар ҷумҳурӣ сулҳу субот барқарор шуда, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ ҳукмрон ва барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт  ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад. Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад ва он барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ яке аз Конститутсияи беҳтарину мардумтарини давлатҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардидааст. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, мақсаду вазифаҳо, асосҳои сохти давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба таври равшан нишон дода шудааст. Аз ин лиҳоз, ҳамасола ҷашн гирифтани ин санаи муҳим эҳтирому арҷгузорӣ ба…