МАШВАРАТИ КОРИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БАРГУЗОР ГАРДИД.
Хабарҳо / 21.11.2025

20 ноябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода машварати корӣ баргузор гардид. Дар машварати корӣ муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раис ва мувинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилот, роҳбарони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, раисони шӯрои маҳаллаҳо, раисони хлҷагиӣои калонхаҷм, имомхатибон ва дигар масъулони соҳаҳо ширкат варзиданд. Нахуст Раиси ноҳия ба фаъолон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни ташриф ба вилояти Суғд ва мулоқот бо фаъолони вилоят, 19 ноябри соли равон баён доштанд, ба самъи ҳозирин расонида, иҷрои саривақтиву босифати онро дастури худро доданд. Сипас, роҷеъ ба масъалаҳои омодагӣ ба зимистон, вусъати корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии саривақтии андоз, иҷрои нақшаҳои пешбинишудаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, обуна ба нашрияҳои давлатӣ, муҳимтар аз ҳама таъмини тозагии ҳифзи муҳити зист дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.

АТТЕСТАТСИЯИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БАРГУЗОР ГАРДИД
Хабарҳо / 21.11.2025

Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” бо мақсади муайян намудани мутобиқатии мансаби ишғолнамудаи хизматчиёни давлатӣ баргузор карда мешавад. Дар ин замина, мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2008 №468 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ ва маъмурӣ” ва дар асоси қарори Раиси ноҳияи Деваштич аз 17.09.2025, №546 санаи 20 ноябри соли 2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ҷиҳати муайян намудани мутобиқатии малакаи кории хизматчиёни давлатӣ аз ҷониби комиссияи дахлдори назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо иштироки муовини Раиси ноҳия Ганҷина Нуруллозода, сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Латифов аттестатсияи навбатии хизматчиёни давлатӣ гузаронида шуд. Дар рафти гузаронидани аттестатсия аз хизматчиёни давлатӣ фаъолият, тибқи дастурамал ва уҳдадориҳои мансабӣ, донистани ҳатмии муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ пурсиш ба амал оварда шуд.

ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Хабарҳо / 21.11.2025

20 ноябри соли 2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштирки Раиси комиссия – муовини Раиси ноҳия Нуруллозода Ганҷина ва сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Латифов озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ баргузор гардид. Вобаста ба баргузории озмуни мазкур дар рӯзномаи маҳаллии “Набзи Деваштич” эълон таҳия ва нашр гардида, аз ҷониби 5 нафар довталабон ба унвони раиси Комиссия ҳуҷҷатҳои лозима пешниҳод гардиданд. Зимни баррасии ҳуҷҷатҳо ҳамаи довталабон дар озмуни баргузоргардида ширкат варзиданд. Озмуни мазкур аз ҷониби ҳайати Комиссияи озмун ба таври шаффофу одилона баргузор гардида, довталабоне, ки ба вазифаҳои интихобкардаашон лоиқ дониста шуданд, ба ишғоли мансабҳо пешниҳод гардиданд. Тибқи тартибот натиҷаи озмун пас аз 3 рӯзи баргузории он эълон карда мешавад.