6 ноябр дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ғончӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид. Дар маросими савгандёдкунӣ ҷавононе, ки дар даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд ва а дар қисмҳои низомию сарҳадӣ дар ноҳиябуда хизматро оғоз намудаанд, иштирок карда, ваъда доданд, ки барои ҳифзи марзу бум, пойдории сулҳу субот саҳм мегузоранд ва ба халқу Ватан садоқатмандона хизмат менамоянд. Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода иштирок ва суханронӣ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба наваскарон ҷиҳати иҷрои қарзи фарзандиву шаҳрвандӣ комёбиҳо орзу кард. Таъкид гардид, ки савганди ҳарбӣ баёнгари садоқат ба Ватану миллат, ба халқи шарифи кишвар ва ба арзишҳои муқаддаси Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад. Гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз сабақу корномаҳои гузаштагони некноми хеш ба хотири ҳимояи марзу буми кишвар ва таъмини зиндагии орому осоиштаи сокинони он содиқонаву ҷавонмардона хизмат карда истодаанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки наваскарон хизмати садоқатмандонаю бошарафона дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ нақш гузошта, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарбаландона иҷро мекунанд ва арзишҳои Ватани азизамонро бошарафона ҳимоя менамоянд. Ёдовар…
Бегоҳии рӯзи 5 ноябр дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд, Раиси комиссияи даъвати вилоятӣ Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло, Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия, намояндагони соҳаи тандурустӣ, маориф, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва дигар шахсони масъул маҷлиси васеи Ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагиҳо ба даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ҷаласаро Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки мавсими даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз чорабиниҳои муҳими сиёсию ташкилӣ маҳсуб ёфта, барои саривақт иҷро кардани нақшаи пешбинишуда, ҷалби ҷавонон ба адои хизмати ҳарбӣ, ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон, дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани онҳо аз ҳар яки дар толор ҳузурдоштагон вобастагӣ дорад. Дар идома, барои таҳлили иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ гузориши комиссари ноҳия, подполковник Фирдавс Шарифзода шунида шуданд. Зимни муҳокимаи масъала аз ҷониби муовини Раиси вилояти Суғд, Раиси комиссияи даъвати вилоятӣ Ҷамшед Ҷуразода аз роҳбарияти комиссариати ҳарбӣ, ҳайати комиссияи тиббӣ, раисон ва масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла пурсиш ба амал оварда шуда,…
5 ноябри соли 2025 дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии маркази ноҳия ба ифтихори 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади тантанавӣ Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳо шаҳраку деҳот ноҳия, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, иштирокчиёни сохти конститутсионӣ, собиқадорон меҳнат, фаъолон ва ҷавонони ноҳия иштирок намуд. Ҷамъомади тантанавӣ ба толор ворид гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сараввал Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода низ ҳозирин ва ҳамаи сокинони ноҳияро ба муносибати 31-солагии Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, ба ҳамагон саодати рўзгор, барори кор ва осмони софу фазои беғуборро таманно намуд. Таъкид карда шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қабули он тавассути кўшишҳои собитқадамонаву ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар айни ташаннуҷи авзои ҷомеаи байналхалқӣ ва вазъияти душвори оғози соҳибистиқлолӣ 6 ноябри соли 1994 сурат гирифт, қабл аз ҳама, тамомияти арзӣ, тағйирнопазирии на танҳо шакли идора, балки моҳияти аслии давлати тозабунёди тоҷиконро…
Ҳамдиёрони азиз! Фарорасии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии кишварамонро таъмин намуда, кафили баробарҳуқуқии шахс, озодӣ, дӯстии тамоми халқу миллатҳо мебошад, ба кулли сокинони шарафманди ноҳия табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагон хотири ҷамъ, саломатии комил, хонаободӣ ва дастоварду комёбиҳои бепоён таманно менамоям. Ин санади муҳими тақдирсози миллат 6-уми ноябри соли 1994 дар марҳилаи душвор ва барои миллат тақдирсоз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, имконият фароҳам овард, ки дар ҷумҳурӣ сулҳу субот барқарор шуда, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ ҳукмрон ва барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад. Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад ва он барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ яке аз Конститутсияи беҳтарину мардумтарини давлатҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардидааст. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, мақсаду вазифаҳо, асосҳои сохти давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба таври равшан нишон дода шудааст. Аз ин лиҳоз, ҳамасола ҷашн гирифтани ин санаи муҳим эҳтирому арҷгузорӣ ба…