Тавре маълум аст, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр иди касбии омӯзгорон таҷлил карда мешавад.
Дар робита Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода дар шаҳраки Ғончӣ чанде аз собиқадорони соҳаи маорифро аёдат кард.
Раиси ноҳия аз ҷумла Маъруф Орипов – собиқ омӯзгори фанни математика, Гавҳар Саломова – собиқ омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, Муборак Маърупова – собиқ омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, аёдат намуда, онҳоро бо иди касбиашон табрик гуфт.
Таъкид карда шуд, ки нақш ва саҳми омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврасу ояндасоз ва дар руҳияи ватандустиву меҳнатдӯстӣ тарбия намудани онҳо назаррас аст. Ҷоннисориву азхудгузаштанҳои омӯзгорон аст, ки инсониятро ба сӯи ояндаи нек раҳнамоӣ месозад ва ҳамин муаллимонанд, ки чароғи илму маърифатро фурӯзон нигоҳ медоранд.
Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода иброз дошт, ки дар пайравӣ аз ташаббусҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, сифати таълиму тарбия ва таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин беҳбудии шароити моддиву маънавии муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ мекунад. Ҳамасола ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, ҳавасмандсозии омӯзгорони пешраву навовар, таъсиси ҷоизаҳои Раиси вилоят барои “Беҳтарин муассисаи таълимӣ” “Беҳтарин муассисаҳои таълимии томактабӣ”, роҳхати ройгони омӯзгорони пешқадам ба осоишгоҳ баёнгари дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба омӯзгорон мебошад.
Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода ба собиқадорони соҳаи маориф саодати рўзгору тансиҳативу хотирҷамъӣ таманно карда, ба ҳар кадоми онҳо тӯҳфаҳои идонаи худро супорид.
Аёдатшудагон барои дастгириҳои доимии давлату Ҳукумат ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён доштанд.
Шарҳ нест