Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич лоиҳаи бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар ноҳия муаррифӣ шуд.
Масъулини соҳаи сохтмон ва меъмории ноҳия зимни муарифии лоиҳаи бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба Раиси ноҳия маълумот доданд, ки ояндаи наздик дар кӯчаи Бобо Салом бинои баландошёнаи истиқоматии 9 ошёна бунёд карда мешавад.
Тибқи лоиҳа дар бинои баландошёна ҷойгирсозии таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, майдончаҳо барои бозии кӯдакон дар назар дошта шудааст.
Раиси ноҳия зимни шиносоӣ таъкид кард, ки лоиҳаи бинои баландошёнаи истиқоматӣ бояд дар доираи нақшаи генералии ноҳияи Деваштич омода ва дар оянда дар амал татбиқ карда шавад.
Шарҳ нест