АЁДАТИ ЗАНОНУ БОНУВОНИ СОБИҚАДОР БО МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

08.03.2025
print
7 марти соли 2025 Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ба муносибати Рӯзи Модар чанде аз занону бонувонеро, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар доштанд, аёдат намуд.
Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода аз ҷумла ба манзили истиқоматии сокини шаҳраки Ғончӣ Лола Холова, сокини деҳаи Қалачаи Азими Ҷамоати деҳоти Ғазантарак Изолат Қӯзиева, сокини деҳаи Хоҷа Тоҳири Ҷамоати деҳоти Яхтан Робия Рустамова, сокини деҳаи Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Муҷун Гулнора Эгамбердиева ташриф оварда, бонувони иззатмандро ба ифтихори ҷашни фархунда – Рўзи Модар самимона табрик гуфт.
Зимни аёдат таъкид карда шуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни давлатӣ эълон шудани Рўзи Модар дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди занон дар ҷомеа мебошад.
Воқеан ҳам модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат, нерўбахши рўҳу ҷон, азизу меҳрубон, дастгиру нигаҳбон, роҳбару мададрасон, дуогўи ҷон, дили пурмеҳре дорад, ки чун офтоб меҳраш ба фарзанд қуввату дармон, меҳру вафо мебахшад.
Маҳз, ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ўро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.
Қайд карда шуд, ки занону модарон бо худфарсоиву ҷоннисорӣ ва муҳаббату меҳрубонӣ илова бар тарбияи насли ояндасоз барои пешрафти Ватани маҳбубамон саъю талош мекунанд.
Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ба кулли аёдатшудагон туҳфаҳои идона тақдим карда, ба онҳо тани сиҳату хотири ҷамъ ва хушбахтиҳои рӯзгорро таманно намуд.
Аёдатшудагон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхорӣ ба бонувон, бахусус занони собиқадор арзи миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар оянда низ баҳри тарбия, насиҳат ва раҳнамоии насли наврасу ҷавон тамоми васила ва қувваи хешро сафарбар хоҳанд намуд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code