ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

08.03.2025
print
7 марти соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдулоҳӣ Рӯдакии ноҳия бо ширкати Раиси ноҳия Ашурали Ҷалилзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Нахус Раиси ноҳия Ашурали Ҷалилзода зимни суханронии худ ҳозирин ва кулли модарони мушфиқ ва бонувони ғамхори ноҳияро ба муносибати Рўзи Модар табрик гуфта, ба онҳо сиҳатмандиву хушбахтӣ, иқболи нек, толеи баланд ва рўзгори ободу осуда орзу намуд.
Таъкид гардид, ки модар рамзи офариниш, раҳму шафқат, покию назофат, ҳусну малоҳат буда, гармии қалб, фурўғи зиндагӣ, маънои ҳаёт ва ҳастии башарият ба номи ў пайванд дорад. Модар мураббии фарзандон, чароғи хонадон, посдори забон, ҳидоятгари хислатҳои неки инсон, тарғибгари суннатҳои ниёгон ва рукни пойдори ҷаҳон мебошад.
-Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши Зан-Модар баён намудаанд: «Шумо тарбиятгари қаҳрамонон ва мардони майдон, ғамхору парастори ҳамсару фарзандон, нигаҳбону ҳимоятгари арзишҳои неку гармии хонадон, дуогӯи пиру ҷавон ва орзуманди хушбахтии фарзандон ҳастед».
Дар сатҳи баланд бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар ин нишонаи эътибору эҳтироми зиёди Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Имруз нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Аз ин рӯ, имрузҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд, -иброз дошт Раиси ноҳия.
Зикр карда шуд, ки иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат баҳри таҳкими нақши занон дар ҷомеа, фаъолгардонии онҳо ҷиҳати иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунию давлатдорӣ натиҷаҳои самарабахш ба бор меоваранд ва бонувони соҳибмаърифати мо дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа нақши муассири хешро гузошта истодаанд.
Зикр бояд намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ҷиҳати баландбардории мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби занону духтарон ба мақомҳои роҳбарикунанда, таъмини онҳо бо ҷойҳои корӣ ва амсоли инҳо тадбирҳои шоиста роҳандозӣ гардида истодааст.
Ин иқдомҳои наҷиб ва шоиста бори дигар кулли бонувон, модарони азизро дар самти иҷрои рисолати пуршарафи тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳисси хештаншиносиву худогоҳӣ ва таҳкими сулҳу суботи комили ҷомеа, пойдории оилаҳо ва саҳмгузорӣ дар рушди босуботи кишвар рӯҳбаланд мегардонад.
Занону бонувон ҳамзамон дар дигар соҳаҳо низ софдилона меҳнат намуда, барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Изҳори умед карда шуд, ки занону модарони арҷманди мо баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони азиз ва некўаҳволии мардум саҳми босазои худро мегузоранд.
Дар идома намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Модарро ба самъи ҳозирин расонида, занону бонувони барӯманди ноҳияи Деваштичро ба муносибати ин ҷашни фархунда шодбош гуфт ва ба аҳли нишаст рӯзгори ободу осуда, саломатии бардавом, сарбаландӣ ва комёбиҳои беназирро таманно намуд.
Дар охир аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод шуд, ки боиси болидахотирии иштирокдорони чорабинӣ гардид.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code