Субҳи 7 март дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби Раиси ноҳияи Деваштич Ашӯрали Ҷалилзода бахшида ба Рӯзи Модар зиёда аз 20-нафар бонувони собиқадори меҳнат, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар намуданд бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиноси гардид.
Зимни суҳбат бо собиқадорони меҳнат Раиси ноҳия қайд намуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад. Зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Зимни суҳбати самимӣ таъкид дошт, ки зан-модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи Модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст.
Дар арафаи Рӯзи Модар қадршиносии заҳмати онҳо рамзист, зеро модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад.
Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳимму арзишманд мебошад. Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.
Ҳамчунин онҳо бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморанд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан – модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд.
Дар фарҷом собиқадорони меҳнат барои таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён доштанд.
Шарҳ нест