7 март Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода бонувони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба муносибати Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, барояшон зиндагии саршор аз меҳру муҳаббат, солимиву саодати рӯзгор, бахту иқболи нек, хонаи ободу дастархони фаровон ва барору комёбиҳо таманно намуда, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ кард.
Раиси ноҳия дар аснои суҳбат иброз дошт, ки модарон ҳамчун офарандаи ҳаёт ва тарбиятгари фарзандон дар ҷомеаи имрӯза аз мақому манзалати хос бархурдор мебошанд. Имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат барои тарбияи кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, хизмати бонувони собиқадорро мунтазам қадршиносӣ менамояд.
Таъкид гардид, ки дар даврони Истиқлолияти кишвар бо иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рўзи Модар эҳё гардида, дар Ватани маҳбуби мо бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад ва бо омад-омади фасли баҳор, эҳёи табиат, бедоршавии гулу растанӣ ва руҳбаландии инсонӣ тавъам меафтад. Воқеан, Модар низ чун табиат офарандаи наслу тарбиятгари аҳли башар мебошад ва пайваста зиндагии инсониро зебу зиннати тоза мебахшад.
Дар фарҷом қайд гардид, ки бо тантанаву шукуҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар, хоса Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону бонувон мебошад. Зеро нақши онҳо дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Имрӯз модарон ва занону бонувони тоҷик дар ҷомеа мавқеи устувор доранд ва барои пешрафти меҳан саҳми босазо мегузоранд.
Шарҳ нест