Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми минтақаҳои ноҳияи Деваштич корҳои ободонию созандагӣ ҷараён дорад.
Дар Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ низ бо талошу заҳматҳои сокинон бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо карда, шаҳрвандон барои ободии диёр саҳм гузошта истодаанд. Аз ҷумла, сокинони деҳаи Хӯҷаҳо бо иҷрои корҳои ободонӣ тасмим доранд, ки ҷашнҳои милливу давлатиро дар сатҳи баланд истиқбол намоянд. Сокинон имрӯзҳо ба таври оммавӣ кӯчаву маконҳои умумиро тозаву озода намуда, барои ободонии маҳалли зист аҳлона меҳнат менамоянд.
25 июли соли 2025 бо иштироки муовини Раиси ноҳия Насриддин Комилзода мумфаршкунии роҳи дохилии деҳаи Хӯҷаҳо Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ оғоз ёфт.
Дарозии роҳ 3 км, паҳнои он 6 ва 9 метр буда, он бо саҳмгузории сокинону соҳибкорон мумфарш мегардад. Фармоишгари корҳо соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинон буда, пудратчӣ ҶДММ «Роҳи пурфайз» мебошад. Хароҷоти умумии мумфаршкунии роҳ қариб 3 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Муовини Раиси ноҳия зимни суҳбат бо сокинон иқдому ташаббусҳои сокинони ноҳияро дар самти мумфаршкунии роҳҳо намунаи ибрат арзёбӣ карда, барои иҷрои корҳои хайру савоб изҳори сипос намуд. Қайд карда шуд, ки имрӯзҳо дар тамоми деҳаҳои ноҳия корҳои ободониву мумфаршкунии роҳҳо идома дошта, то имрӯз беш аз 20 км роҳҳои маҳаллӣ мумфарш карда шудааст.
Сокинон изҳор доштанд, ки барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар ободии маҳал саҳм хоҳанд гузошт.










Шарҳ нест