Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Қалъаи Хоҷии Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ мумфаршкунии роҳҳо идома дорад.
Раиси ноҳияи Деваштич Ашурлӣ Ҷалилзода ба деҳаи Қалъаи Хоҷии Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ омада, бо сокинони бунёдкори он суҳбати самимӣ анҷом дод.
Аснои суҳбат қайд карда шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат ёфта, шаҳрвандон барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона меҳнат намуда истодаанд.
Дар зимн ба ташаббускории сокинони деҳаи Қалъаи Хоҷӣ, ки бо аҳлона то имрӯз 3,5 км роҳро мумфарш намудаанд, баҳои баланд дода шуд.
Раиси ноҳия аз сокинон даъват кард, ки дар оянда низ чунин корҳои хайру савобро анҷом дода, барои ободонии маҳал саҳмгузор бошанд.
Сокинони деҳа дар навбати худ изҳор доштанд, ки ободсозии Ватан кори ҳар як нафари ватандӯст буда, минбаъд низ корҳои ободонӣ анҷом дода хоҳад шуд.
















Шарҳ нест