Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишони равшани ҳуввияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрику муборакбод мегӯям.
Мо ҳамасола ин Рӯзи таърихиро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоем.
Ҳадафи мо аз ин ҷашн, аз як тараф гиромӣ доштани забони модариамон, аз ҷониби дигар мусоидат ба доираи истифодаи он ва татбиқи муқаррароти қонун дар бораи забони давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мебошад.
Бояд қайд намуд, ки забони тоҷикӣ баёнгари тамоми арзишҳои бузурги маънавии халқи мо буда, тамаддун ва фарҳанги куҳанбунёд, ки мо бо онҳо ифтихор мекунем, то ба имрӯз маҳз бо воситаи забони модариамон ҳифз гардидааст, бо он забони латифе, ки матнҳои беш аз ҳазору дусад сол пеш навишташудаашро мехонему мефахрем, бо он забоне, ки садҳо ҳазорҳо бузургони суханвари ин марзу бум эҷод кардаанд ва осори ҷовидонаи худро ба имрӯзиён мерос гузоштаанд.
Машҳуртарин шеъри адабиёти классикии тоҷикро, ки устодон ба мо омӯзондаанд ба қалами султони шоирон одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тааллуқ дошта, бо сатрҳои зерин: «Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, бартар аз дидори рӯйи дӯстон» оғоз мегардад, имрӯз ҳар яки мо бидуни ягон мушкилӣ мефаҳмем ва лаззати маънавӣ мебарем.
Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Забони адабии тоҷик дар ҷараёни ташаккули худ роҳи ниҳоят пурфоҷиаро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои бузург гузаштааст, заҳматҳои бедареғ, мероси гаронбаҳо ва корномаҳои беназири фарзандони фарзонааш дар шакли зебо бо захираҳои ғаниву рангин бароямон мерос мондааст. Забон бузургтарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишоне барои халқу миллат аст”.
Бешубҳа, маҳз забони тоҷикӣ аз вуҷуд доштани миллати тоҷик дарак медиҳад ва ҳастии миллати тоҷикро дар олам бо номи Тоҷикистон муаррифӣ менамояд. Зеро бо ин забон санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва осори илмиву адабии халқҳои ҷаҳон тарҷума мешаванд, созишномаҳо ва қарордодҳои муҳими байналмилалӣ таҳия мегарданд, аз минбарҳои бузургу мӯътабари ҷаҳон забони давлатии мо садо дода, дар сатҳи ҷаҳонӣ беш аз пеш маҳбубият касб менамояд.
Аз ин рӯ, вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо- соҳибзабонон аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем, мероси пурқиматеро, ки бо ин забон иншо шуда, аз насл ба насл меояд, на танҳо ҳифз намоем, балки онро омӯзем, ба дигарон омӯзонем ва аз ҳикматҳои ҷовидонааш баҳравар гардем.
Бори дигар ҳамаи Шумоён ва дар шахсияти Шумоён кулли сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон тансиҳатию хонаободӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.
Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳ нест