Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Нурободи Ҷамоати деҳоти Муҷун зиёда аз 5 км роҳи маҳаллӣ мумфарш гардид.
Сокинони деҳаи Нуробод бо иҷрои корҳои ободонӣ тасмим доранд, ки ҷашнҳои милливу давлатиро дар сатҳи баланд истиқбол намоянд. Сокинон имрӯзҳо ба таври оммавӣ кӯчаву маконҳои умумиро тозаву озода намуда, барои ободонии маҳалли зист аҳлона меҳнат менамоянд.
Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода зимни иштирок дар маросими ифтитоҳи роҳи маҳаллӣ ва суҳбат бо сокинони деҳаи Нуробод таъкид кард, ки имрӯзҳо бо дастгириву роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакатамон бунёдкориҳо ҷараён дошта, мардум баҳри истиқболи сазовори ҷашни миллӣ ҳаматарафа омодагӣ мебинанд.
Чуноне зикр гардид, барои таҷлили шоистаи ҷашни таърихӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 585-бандро ташкил медиҳад, ки аз он 2 банд аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ, 5 банд вилоятӣ, 9 банд ноҳиявӣ, 42 банд бо ҷалби ташкилотҳои хориҷӣ, 42 банд хоҷагии деҳқонӣ, 485 банд аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ мебошанд.
Қайд гардид, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия наздик 50 км роҳи ҳудуди ноҳия мумфарш карда шуд.
Сокинон аз таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба рушди ноҳияи Деваштич, аз ҷумла Ҷамоати деҳоти Муҷун изҳори хушнудӣ карда, миннатдории хешро ба роҳбарияти мамлакат баён доштанд.

Шарҳ нест