ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ФИТР

20.03.2026
print
Ҳамдиёрони азиз!
Дар ин лаҳзаҳои идона кулли мардуми ноҳияро ба муносибати Иди Саиди Фитр, ки баёнгари арзишҳои инсонӣ — сабру таҳаммул, накӯкорӣ, раҳму шавқат ва меҳру муҳаббат мебошад ва дар арафаи ҷашни фархундаи Наврузи оламафрӯз рост омадааст, самимона табрик гуфта, барои ҳар як хонадон осоишу тандурустӣ, файзу баракат, бахту саодат ва рӯзгори обод орзу менамоям.
Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд намуданд, ки “Моҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини Ислом буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кӯмак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад. Маҳз бо ҳамин сабаб, ин моҳи муборак, ки асоси ҳикмати маънавии онро ғолибияти ақл бар нафс ташкил медиҳад, савобу подоши бузург дорад.”
Воқеан ҳам, дар ин моҳи муборак бо нияти хайр анҷом додани амалҳои нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, авфи гуноҳҳо, аз дилҳо баровардани кинаю адоват, аёдати беморон, эҳтироми падару модар ва хешу таборон, аз Худованд талаби оромиву осоиши сарзамин ва рушду шукуфоии онро кардан аз одат ва фазилатҳои мардуми бунёдкор ва созандаи мо ба ҳисоб рафта, бешубҳа дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва якпорчагии ҷомеа мусоидат менамояд.
Имрӯз ҳуқуқ ва арзишҳои олии эътиқодии шаҳрвандони мусулмони кишвар таҳти ҳимояи ҳамешагии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва фароҳам овардани зиндагии босаодати ҳар як хонадони Тоҷикистон аз муҳимтарин ҳадафҳои давлатдории Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб меравад.
Мо аз он ифтихор дорем, ки имрӯз маърифати ахлоқию маънавии шаҳрвандон боло рафта, таваҷҷуҳи соҳибкорону ашхоси боҳиммат нисбати дастгирии ятимону маъюбон ва ниёзмандон, бунёди мактабу боғча, майдончаҳои варзишӣ, бунёди роҳу кӯчаҳои маҳаллаву деҳаҳо, гузаронидани қубурҳои обгузар ва дигар корҳои ободонӣ ба анъанаи нек табдил ёфта истодааст.
Имрӯз бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои созандагию ободкорӣ идома дошта, мардуми ноҳия барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи таърихӣ софдилона меҳнат намуда истодаанд, зеро барои ободии Ватан анҷом додани амалҳои хайр низ як навъ ибодат буда, аҷру савоби он аз дигар рукнҳои Ислом кам нест.
Итминони комил дорам, ки ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бонангу номус баҳри суботи ҷовидонаи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободӣ, оромиву осудагии Ватани азизамон, дастгирии шахсони ниёзманд, ятимону бепарасторон ва барҷомондагон хайру эҳсонро дареғ надошта, барои осудагии ҳар хонаводаи халқи Тоҷикистон кӯшиш менамояд.
Зеро Ислом дини инсофу адолат, сулҳу амният, ҳидоятгари ахлоқи ҳамида ва маънавиёти созанда буда, ҳама гуна кирдори зишту харобиовар, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд ва зидди зуҳуротҳои манфии таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм мебошад.
Дар фарҷом, бори дигар тамоми мардуми ноҳияро ба муносибати Иди Саиди Фитр табрик мегӯям ва барои ҳар яки Шумо саодатмандӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, имони комил ва дар рушди устувори Ватани азизамон комёбиҳо орзу менамоям.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code