Ҳамдиёрони азиз!
Муҳтарам собиқадорон!
Ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба, поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати бепоёни онҳое, ки дар ақибгоҳ дар шикасти душман саҳм мегирифтанд, худ анъанаи нек ва сабақи ибратомӯз барои наслҳои имрӯза аст.
Ба ифтихори ин санаи таърихӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич сокинони ноҳияро самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо фазои орому осуда, хонаи обод ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоем.
Ин рӯз рамзи пирӯзии адолат бар зулм, рамзи сулҳу дӯстӣ бар ҷангу адоват ва нишонаи матонату устувории халқҳо мебошад. Мо имрӯз бо сари баланд аз корномаҳои падарону бобоёни худ ёд мекунем ва ба рӯҳи поки онҳо арҷ мегузорем.
Бояд қайд намуд, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд. Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш дар майдонҳои ҷанг ҳалок шудаанд, ки номи неку корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст.
Дар рӯзҳои сахти ҷангӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар қатори фиристодагони Тоҷикистон 4 ҳазору 560 нафар фарзандони далеру шуҷои ноҳия дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамониву шуҷоат зоҳир намуданд, ки аз онҳо 2 ҳазору 100 нафарашон ба зодгоҳ баргаштанд ва 2 ҳазору 460 нафарашон дар ин майдони набард ҷони худро нисор намудаанд.
Маврид ба қайд аст, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 7 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт қарор дошта, аз ин шумора 2 нафар аз вилояти Суғд, сокинони ноҳияи Деваштич буда, яке Рӯзиматов Бибола, сокини деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти Ғазантарак ва дигаре Носиров Нозим аз деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Далёни Боло мебошанд. Ҳамчунин 4 нафар меҳнаткашони ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳия зиндагонӣ мекунанд, ки чун шахсиятҳои барӯманд, пирони рӯзгордида, дар ҷомеа обрӯву эътибори хоса дошта, канори фарзандону пайвандон ва таҳти ғамхориҳои пайвастаи муҳтарам Пешвои муаззами миллат давлати пирӣ меронанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати инсонпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба парасториву нигоҳубин ва ғамхориҳои иҷтимоӣ фаро гирифта шуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич иқдоми ғамхоронаи муҳтарам Пешвои миллатро ҷиҳати эҳтирому қадрдонии собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ татбиқ намуда, нигоҳубин ва шароити мусоиди зиндагиро барои онҳо таъмин ва таҳти ғамхории доимӣ қарор медиҳад.
Ҳоло даврони соҳибистиқлолӣ аз мо тақозо менамояд, ки ҳаёту рӯзгори ин гуна қаҳрамононро омӯзем ва ба дигарон омӯзонем, зеро ҷоннисориҳои онҳо дар майдони набард барои насли ҷавони миллат дарси матонату шуҷоат, ватандорию ватанпарастӣ, намунаи ҷасорат ва хислатҳои неки инсонӣ буда, барои бунёди ҷомеаи навини мо ва тарбияи насли созанда дар руҳияи ватанхоҳиву фидокорӣ мусоидат менамояд.
Бо орзуву ниятҳои нек барои фардои дурахшони Ватани маҳбуб иди Ғалабаро ба кулли ҳамватанон табрику таҳният гуфта, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ пеш аз ҳама саломатӣ, иқболи нек, умри бардавом ва ба халқи Тоҷикистон хонаи обод ва фазои осуда таманно дорам.
Иди Ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!
Шарҳ нест