5 ноябри соли 2025 дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии маркази ноҳия ба ифтихори 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади тантанавӣ Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳо шаҳраку деҳот ноҳия, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, иштирокчиёни сохти конститутсионӣ, собиқадорон меҳнат, фаъолон ва ҷавонони ноҳия иштирок намуд. Ҷамъомади тантанавӣ ба толор ворид гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сараввал Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода низ ҳозирин ва ҳамаи сокинони ноҳияро ба муносибати 31-солагии Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, ба ҳамагон саодати рўзгор, барори кор ва осмони софу фазои беғуборро таманно намуд. Таъкид карда шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қабули он тавассути кўшишҳои собитқадамонаву ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар айни ташаннуҷи авзои ҷомеаи байналхалқӣ ва вазъияти душвори оғози соҳибистиқлолӣ 6 ноябри соли 1994 сурат гирифт, қабл аз ҳама, тамомияти арзӣ, тағйирнопазирии на танҳо шакли идора, балки моҳияти аслии давлати тозабунёди тоҷиконро…
10 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич шинос гардид. Бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари маркази шаҳру ноҳияҳо деҳоти дурдаст ҳам ободу зебо гардида, корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ бо маром идома дорад. Дар Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич бо маблағгузории Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва саҳми сокинон беморхонаи наву замонавӣ бунёд гардида истодааст. Ин тадбири муҳим имкон медиҳад, ки бошандагони ҷамоат роҳи дарозро тай накарда, дар иншооти нав аз хизматрасониҳои тиббӣ истифода намоянд. Раиси вилоят аснои боздид таъкид намуд, ки дар партави супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ дар деҳоти дурдаст тадбирҳои судманд меандешад. Баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ муассисаи нав бо дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ таъмин карда мешавад. Дар ҷамоат ҳамчунин бунёди кӯдакистони нав ба нақша гирифта шуда, сокинону соҳибкорон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар амалӣ шудани ҳадафҳои нек саҳм мегузоранд. Раиси вилоят бо лоиҳаи кӯдакистон шинос гардида, дастур дод, ки лоиҳа бознигарӣ карда шавад. Яъне бо назардошти зиёд будани аҳолӣ супориш дода шуд, ки бинои кӯдакистони нав бо фарогирии тамоми шароити зарурӣ ва мутобиқ ба талабот сохта шавад….
1 октябри 2025 дар майдони “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” – и ноҳияи Деваштич маросими сафарбаркунии наваскарони ихтиёрӣ баргузор гардид, ки дар маросим Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, муовини раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, собиқадорони меҳнат, фаъолон, наваскарони ихтиёрӣ ва волидайни онҳо ширкат варзиданд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода даъватшавандагонро ба ин муносибат табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми августи соли 2025, №1071 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2025 ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд. Ҳамчунин, моҳҳои октябр-ноябри соли 2025 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томҳо даъват карда мешаванд. Ҳамчунин қайд гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди…
Тавре маълум аст, ки рӯзҳои 5-7 августи соли 2025 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷалби сармоя ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо шарикони рушд ҳайати ноҳияи Деваштич бо роҳбарии Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ба вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард. Ҳадаф аз сафари ҳайат ба вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо шаҳру ноҳияҳои вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, зимни сафари расмӣ намояндагони ноҳияи Деваштич аз корхонаҳои саноатӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ боздид карда, бо фаъолияти бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ шинос шуд. Аз соҳибкорони ӯзбек даъват ба амал оварда шуд, ки бо сафари корӣ ба ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ташриф оварда, бо вазъи соҳаҳои кишоварзию саноатӣ бевосита шинос гарданд. Зеро доираҳои тиҷоратии ду тараф бо ҷалби сармоя ва воридсозии технолгияи муосир метавонанд дар ин ҷода ба дастовардҳо ноил гарданд.
7 августи соли 2025 дар шаҳри Намангон мулоқоти Раиси ноҳияи Деваштич Ҷалилзода бо ҳокими вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуразақов Шавкат Шокирҷонович баргузор гардид. Ҳайати ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода барои дидан ва ривоҷ додани ҳамкорӣ бо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Намангон ташриф оварданд. Аснои мулоқот аз густариши ҳамкории мутақобилан судманд, ки имрӯз роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев тавонистанд, муносибатҳои ин ду кишвари ҳамсояро мустаҳкамтар намуда, риштаи дӯстиро қавитар созанд. Хушбахтона, солҳои охир муносибатҳои тиҷоратии ин ду кишвар низ рӯ ба инкишоф оварда, ба бозорҳои ҳамдигар роҳ ёфтани маҳсулотҳои истеҳсоли дохилӣ ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таконбахш гашта истодааст. Таъкид карда шуд, ки соҳибкорони ду мамлакат метавонанд дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ тарҳҳои барои ҳарду ҷониб манфиатбахшро амалӣ созанд. Инчунин дар фарҷоми мулоқоти ёддошти тафоҳум байни роҳбарияти ноҳияи Деваштич ва роҳбарияти вилояти Намангон оид ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, иқтисоду савдо ва кишоварзӣ ба имзо расидани шуд. Санади мазкур барои минбаъд дар доираи қонунҳои амалкунанда ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва тақвият бахшидан дар самтҳои болозикр имкон фароҳам…
2 августи соли 2025 баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари кориашон ба вилоят Суғд соли 2025, ҳангоми шиносоӣ санаи 12 июли соли 2025 аз таҷрибаи картошкапарварони ноҳияи Деваштич, бо назардошти омилҳои пешгуинашаванда, тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он, захираи маводи ғизоии ду сола, ҷиҳати истифодаи оқилонаву самараноки ҳар як ваҷаб замин ба кулли мардуми кишвар баён доштанд, Семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўӣ “Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии картошка дар минтақаҳои доманакўҳи вобаста ба шароити тағйирёбии иқлим” дар хоҷагии деҳқонии Ҳотам Қурбонови деҳаи Басмандаи Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич баргузор гардид. Семинари мазкур бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияҳои Деваштичу Кӯҳистони Мастчоҳ ташкил карда шуд. Дар кори семинар, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти ДИПҶТ Салимзода Салим, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҲҶТ Файзуллозода Муҳаммадсаид, муовини раиси вилоят Қосимӣ Файзулло, Президенти АИКТ Салимзода Амонулло, Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон, раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода,…
14 июли соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти раёсати Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Деваштич дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва фаъолони ноҳия ширкат варзиданд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бармеоянд, силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуд. Дар натиҷа аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ноҳия таъмин шудааст. Сипас, муовини Раиси ноҳия Насрулло Файзуллозода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Деваштич дар нимсолаи якуми соли 2025 гузориш…
12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич хатти оби полезиро бо се чоҳи амудӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Хатти оби полезӣ аз мавзеи Басманда аз масофаи беш аз 9 километр тавассути қубури қутраш 400 миллиметра оварда шудааст. Ба ин восита масоҳати заминҳои обии саҳмдорони хоҷагии деҳқонии Ҳотам Қурбонов аз 375 гектар ба 800 гектар расид. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин иқдом бо мақсади истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳо аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гардид. Ин раванд ба шодоб намудани заминҳои лалмӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани қитъаҳои нав ва афзун намудани кишти картошка мусоидати фаъол хоҳад кард. Бо обёрии 500 гектар замини нави картошка дар ноҳияи Деваштич 1000 кас соҳиби кор шудааст. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа супориш доданд, ки бо истифода аз тамоми имконоти мавҷудаи кишвар истеҳсоли картошка дар ноҳияи Деваштич то соли 2030 ба 500 ҳазор тонна ва то соли 2050 ба 1 миллион тонна расонида шавад. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои рушду пешрафти соҳаи картошкапарварӣ бо иштироки олимони соҳа дар хоҷагиҳои картошкапарварии ноҳияи Деваштич семинар- машварати ҷумҳуриявӣ баргузор карда шавад. Кишоварзони ноҳияи Деваштич бо роҳи…
12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд. Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Дар кӯдакистон шароити мусоиди таълим барои омӯзиш, машғулият ва бозиҳои гуногуни амаливу зеҳнии кӯдакон фароҳам оварда шудааст. Дар 5 кӯдакистон ва муассисаи таълимии томактабӣ дар деҳаҳои Ҳазорчашма, Нуробод, Росровут, Чӯянгарон ва Басманда дар маҷмуъ зиёда аз 400 кӯдак ба машғулиятҳои шавқовару зеҳнӣ фаро гирифта шуда, ҳамзамон дар онҳо беш аз 100 мураббӣ бо кори доимӣ таъмин гардид. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Деваштич зиёда аз 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият намуда, дар ташаккули зеҳнии кӯдакон ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд. Дар ҳамин ҷо бинои сеошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич, ки барои 1000 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст, ифтитоҳ гардид. Он бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, аз 18 синфхонаи муосири таълимӣ бо дастгоҳу лавозимоти хониш иборат мебошад. Майдончаи варзишӣ ва таълимгоҳ барои гузаронидани дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ аз имкониятҳои дигари…
12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ноҳияи Деваштич дар деҳаи Басманда муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро, ки Фотима ва Зуҳро номгузорӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои кӯдакистони Фотима ва Зуҳро дар ноҳияи Деваштич, ки аз 2 ошёна иборат аст, соли 2021 оғоз гардида, бо тарҳи замонавӣ бунёд шудааст. Муассисаи томактабӣ дар 4 гурӯҳ 120 кӯдакро ба тарбия фаро мегирад. Дар ин иншооти соҳаи маориф наздики 30 омӯзгор бо ҷойи кор таъмин гардид. Бо мақсади дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин кардани бино, кӯдакистон дорои шабакаи худии гармидиҳӣ мебошад . Барои ин дар ин ҷо дегхона ва ҳавзи нигаҳдории об низ бунёд ёфтааст. Дар ҳудуди муассиса 2 майдончаи бозӣ барои кӯдакон мавҷуд буда, ҳудуди он сабзкорӣ ва пурра чароғон шудааст. Муассисаи томактабӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба муносибати таҷлили бошукӯҳи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша бо тарҳи замонавӣ таъмиру навсозӣ гардидааст. Баъди шиносоӣ бо иншооти тозабунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ тарбия намудани хурдсолон, ки дар ин раванд зинаи аввали…