Имрӯз, 6 декабри соли равон бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ба истиқболи Соли нави мелодӣ аз ҷониби Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ба як қатор кӯдакони ятим тӯҳфаҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки ба монанди сари либоси гарми зимистона, пойафзол ва шириниҳо супорида шуд. Зимни мулоқот бо ятимон Раиси ноҳия иброз намуданд, ки наврасону ҷавонон бо шукргузорӣ аз давлати ободу осуда ва ғамхориҳои пайвастаи Роҳбарияти Давлат дониш омӯзанд, касб аз худ кунанд ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос баҳри ободии Ватан саҳмгузор бошанд. -Ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд ҳар яки моро водор менамояд, ки мунтазам дастгиру ёвар ва кӯмакрасони чунин наврасон бошем,-иброз дошт Раиси ноҳия. Бояд қайд намуд, ки дар ноҳия 12-нафар кӯдакони бо амри тақдир аз падару модар ятиммонда ба қайд гирифта шуда, ҳамеша мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар…
5 декабри соли 2024 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, Роҳбари дастгоҳи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фаррух Зоҳидов бо фарогирии 300 нафар собиқадорони ҳизбу меҳнат, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи маҳаллӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, гирандагони стипендияи Президентӣ, ғолибони озмунҳову мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва дигар фаъолони ҲХДТ баргузор гардид. Пас аз қироати Суруди миллӣ, раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода сухани табрикотӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои сернуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб ёфта, нимаи аввали соли 1993 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идеяи ташкил намудани он бо номи Ҳизби Халқии Тоҷикистон ба миён омад. 10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисон дар бораи ташкилёбии ҳизб қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ намуд.25 июни соли 1997 Анҷумани 3-юм номи Ҳизби Халқии Тоҷикистонро ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дод. Дар воқеъ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси…
5 декабри соли ҷорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич ташриф овард. Зимни ташриф бо масъулини соҳаи кишоварзӣ, идораҳои замин, хоҷагии об, нигоҳдории роҳҳо, хоҷагии ҷангал, бахши ҳифзи муҳити зист, раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар шахсони дахлдор мулоқот карда, суҳбати сарироҳӣ анҷом дод. Аз ҷумла, вобаста ба тақвияти шудгори заминҳо, шинонидани ниҳолҳои сояафкану ороишии шафати шоҳроҳҳо ва талу теппаҳои бекорхобида, барқарорсозии мавзеҳои алоҳидаи ҷангалзорҳо, мондани яхоб дар заминҳои боғу токзорҳо ва дигар масъалаҳои марбутаи соҳаи кишоварзӣ маслиҳатҳо дода, дар назди ҳозирин вазифагузорӣ намуд. Зимни мулоқот муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия ва раисони ҷамоатҳои деҳотҳо вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода кардани заминҳо, гирифтани ду – се ҳосил аз як замин, ба кишт пурра фаро гирифтани заминҳои наздиҳавилигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, ба таври кофӣ барои ду сол захира кардани маҳсулот ва дигар масъалаҳои марбут супоришҳои мушаххас дод.
Дар асоси дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд намудани кишти картошка дар деҳаи Офтобрӯи Ҷамоати деҳоти Росровут кашидани хатти оби полезӣ бо маром идома дорад. Зимни шиносоӣ ба Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода иттилоъ дода шуд, ки аз сойи Даҳкатсой то деҳаи Офтобрӯ ба масофаи 5 километр қубурҳои обгузар гузаронида мешавад. Раиси ноҳия дар суҳбат бо сокинони деҳаи Офтобрӯ барои истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани кишти картошка ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ маслиҳатҳо доданд. Сокинон деҳаи Офтобрӯ аз иқдоми неки роҳбарият ва беҳтар намудани дастрасии кишоварзони минтақа ба оби полезӣ хело хушҳол гардида, азму иродаи қавии худро барои баланд бардоштани ҳосилнокии кишти картошка баён намуданд.
Дирӯз 4 декабр Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода аз рафти корҳои шағалпӯшкунии роҳи маҳаллии деҳаи Росровут боздид ба амал овард. Зимни боздид ба Раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз зиёда аз 6 километр роҳҳои маҳаллӣ шағалпӯш карда шуда, сокинон ният доранд, ки соли оянда ин роҳҳоро пурра мумфарш намоянд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ба ташкилкунандагони ин иқдом шахсан изҳори миннатдорӣ намуд. Бояд қайд намуд, ки ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар доираи нақша- чорабиниҳо баҳри омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст. Мавриди зикр аст, ки иқдоми мазкур бо саҳми сокинони деҳа аз ҳисоби соҳибкорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ амалӣ гашта истодааст. Хушбахтона ин гуна иқдомҳо дар саросари ноҳия ба анъанаи нек табдил ёфта истодааст. Раиси ноҳия зимни суҳбат бо сокинон иқдому ташаббусҳои сокинони ноҳияро дар самти шағалпушкунӣ ва мумфаршкунии роҳҳо ва ободу зебо гардонидани маҳҳали зисти худ намунаи ибрат арзёбӣ карда, барои иҷрои корҳои хайру савоб изҳори сипос баён намуданд. Сокинони деҳаи Росровут изҳор доштанд, ки барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар ободии маҳал саҳм хоҳанд гузошт.
3 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Деваштич сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни бунёдкориҳо шинос гардид. Дар ноҳияи Деваштич бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ идома дошта, сокинони меҳнатқарини ноҳия дар иҷрои корҳои ободонӣ саҳми назаррас мегузоранд. Аснои боздиди Раиси вилоят аз Ҷамоати деҳоти Ваҳдат иттилоъ дода шуд, ки сокинони деҳаҳои Қалъаи дӯст ва Басманда аҳлона меҳнат намуда, дар бунёди иншооти гуногун саҳм гузошта, роҳҳои дохилиро мумфарш намудаанд. Дар ноҳия соли равон бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳмгузории сокинону соҳибкорон беш аз 46 километр роҳҳо таъмиру мумфарш гардидааст ва ин иқдом дар соли оянда низ амалӣ карда хоҳад шуд. Раиси вилоят ба ташаббусҳои сокинон баҳои баланд дода, барои амалисозии чунин иқдомҳо, аз ҷумла бунёди марказҳои хизматрасонӣ, мумфаршкунии роҳҳо, бунёди дарвозаи рамзии деҳаи Басманда дар оянда низ тавсияҳо дод. Раиси вилоят ҳамзамон дар деҳаҳои Қалъаи дӯст ва Басманда бо сохтмони маркази саломатӣ ва кӯдакистон шинос шуда, барои вусъатбахшии корҳои ободонӣ ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод. Дар ноҳияи Деваштич, ки аз минтақаҳои картошкапарвар маҳсуб меёбад, соли равон 261 ҳазор тонна картошка истеҳсол гардидааст. Зимни боздид аз захираи картошка дар анбори хоҷагии деҳқонии «Аҳмадбой» маълумот дода шуд, ки танҳо дар…
Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон санаи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Ба ин санаи фархунда, яъне 23-ноябри соли 2024 дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматҷонзода, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, собиқадорону фаъолон, омўзгорон, хонандагон, гирандагони стипендияи Президентӣ ва стипендияи Раиси ноҳия иштирок намуданд. Чорабинӣ бо даровардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Нахуст, Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода баромад намуда, кулли ҳамватанонамонро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд. Раиси ноҳия таъкид намуданд, ки “Эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ таҳрир ва қабули рамзҳои давлатӣ, ки ифодагару инъикоскунандаи Истиқлолият мебошанд, ба миён овард. Санаи 24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъаларо “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор дод ва пас аз тасдиқи Низомнома Тоҷикистон соҳиби яке аз рамзҳои…
19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор иштирок намуданд. Меваҷот, сабзавот, ғалладонагӣ, биринҷ, хушкмева, асал ва дигар навъу намунаҳои маҳсулоти кишоварзиро заҳматкашони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври пирамида ва тасвирҳои гуногун ба намоиш гузоштанд, ки собитгари фаровонии ҳосил дар соли 2024 мебошад. Ба ҳолати якуми ноябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 теъдоди оилаҳои зарбӯри асал дар вилояти Суғд 578 оила зиёд карда шуда, ба 80 525 оила расонида шудааст. Дар 10 моҳи соли равон дар вилояти Суғд 1559 тонна асал истеҳсол шудааст. Роҳбари давлат таваҷҷуҳи масъулини дахлдори соҳа ва кишоварзонро ба истифодаи васеи имкониятҳои шаҳру ноҳияҳои кӯҳии вилоят барои истеҳсоли асал, баланд бардоштани маҳсулнокии занбӯр тавассути хушзоткунӣ, афзоиши истеҳсоли ин намуди маҳсулоти ғизоию табобатӣ ва муаррифии фазилатҳои асали Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷалб карданд. Дар доираи “Барномаи маҷмуавии рушди бахшҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳирпарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ барои солҳои 2023-2027” аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занбӯриасалпарварони шаҳру ноҳияҳои вилоят 520 оилаи занбӯри асал ва 400 модарзанбӯри зотӣ барои баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва беҳтар кардани зот дастрас карда шудааст. Ҳоло занбӯрпарвари соҳибтаҷриба Очилбой Ҳабибов 1000 оилаи занбӯри асал парвариш мекунад. Боз аз ҳамин ҳисоб ҳамасола 1000 оилаи занбӯри…
Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи «Сайри Суғд» -ро мавриди истифода қарор доданд. Корхонаи «Сайри Суғд» дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои миллат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мирзоҷон Умаров бо маблағи 23 миллион сомонӣ сохта шудааст. Корҳои сохтмонии иншооти мазкур моҳи январи соли ҷорӣ оғоз ёфта, дар он 15 нафар бинокорони маҳаллӣ ҷалб шуда буданд. Дар корхонаи «Сайри Суғд» бозичаҳои кӯдакона ва мотороллерҳои барқӣ истеҳсол карда мешаванд. Ҳаҷми истеҳсолот дар як моҳ 250 мотороллери барқӣ ва 20000 бозичаҳои кӯдаконаро ташкил медиҳад. Роҳандозии истеҳсоли ин гуна нақлиёт лорои манфиати зиёд аст, зеро ҳам талаботи мардум ба он афзоиш дорад ва ҳам аз ҷиҳати экологӣ барои ҳифзи покизагии муҳити зист судбахш мебошад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар корхона 14 тамғаи мотороллерҳои барқӣ истеҳсол мешаванд, ки тамғаҳои мазкур бо иқтидори борбардорӣ ва дигар мушахассоти техникӣ фарқкунандаанд. Дар ҳолати кунунӣ 60 нафар дар ду басти корӣ фаъолият доранд ва тибқи нақша дар ояндаи наздик шумораи коргарон то ба 150 нафар расонида хоҳад шуд. Дар корхона технологияи зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин насб шудааст. Ду дастгоҳи он, ки барои буридану насби қисмҳо…
19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор дода, дар он бо шароити муосири хизматрасонии тиббӣ шинос шуданд. Бинои марказ аз 2 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он дар якҷоягӣ бо саҳни ҳавлӣ 2276 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ бо маблағи 5 миллиону дусад ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар маркази саломатӣ аз соли 2018 оғоз гардида, дар он зиёда аз 60 нафар мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд. Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар марказ ҷарроҳиҳои майнаи сар, мағзи сутунмуҳра, дил ва гурда бо роҳи эндо-ҷарроҳӣ ва ҳамчунин ҷарроҳии кушодаи амрози занона, эндо-протезкунонии бемориҳои ортопедӣ, табобати амрози асаб ва барқароркунӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин муассисаи тиббӣ табибони баландихтисос, ҳамшираҳои тиббӣ ва кормандони миёнаи тиббӣ, дар маҷмуъ 50 нафар ба кор ҷалб шудаанд. Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳӣ бо таҷҳизоти томографияи магнитию-резонансӣ, томографияи компютерӣ, ангиография, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти литотрипсияи нави муосир, даруннигарӣ, ташхиси ултрасадо, озмоишгоҳ, табобати физиотерапевтӣ бо намуди лазерӣ, магнитотерапия ва зарбаи мавҷӣ муҷаҳҳаз мебошад. Марказ дар як вақт имкон дорад, ки зиёда аз 40 нафар беморонро бо хизматрасонии босифат…