ДЕВАШГТИЧ: ВАРЗИШГАРОН ҚАДРДОНӢ ШУДАНД
Варзиш , Хабарҳо / 06.12.2025

 3 декабр Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода дар маҷлисгоҳи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо гурӯҳи варзишгароне, ки дар Чемпианати ҷаҳон ва Осиё иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб гаштанд, вохӯрӣ намуд. Раиси ноҳия зимни суханронии хеш варзишгаронро бо дастовардҳои навашон табрику муборакбодӣ намуда, қайд намуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳури қарор дошта, то ба имрӯз ҳар як иқдоми созандаи ҷавонон дастгирӣ ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳо ҳамеша қадр карда мешавад. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар моҳи ноябри соли равон дар соҳаи варзиши ноҳия варзишгарони мо ба дастовардҳои зиёд ворид намуданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Кароматулло Қурбонов дар ҷемпианати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ , ки дар шаҳри Абудабии Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, дар вазни 68 кг иштирок намуда, дар байни намояндагони 45 давлати ҷаҳон сазовори ҷойи сеюм гашта Парҷами Тоҷикистонро боло бардошт. Инчунин дар намуди варзиши Муай – тай бо роҳбарии мураббии шоистаи Чумҳурии Тоҷикистон Замир Юлдошев дар чемпионати Осиё , ки дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, варзишгарон Муҳаммад Сафаров соҳиби ҷойи дуюм, Мирҳусейн Оқилзода , Сино Хайруллоев ва Маҳмудҷон Мавлонзода соҳиби ҷойи сеюм гаштанд. Дар…

ИСТИҚБОЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ЧЕМПИАНАТИ ҶАҲОН ВА ОСИЁ ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ
Варзиш , Хабарҳо / 06.12.2025

Субҳи 3 декабр бо мақсади сазовор истиқбол намудани варзишгарони ноҳияи Деваштич, ки дар Чемпионати Ҷаҳон ва Осиё сазовори ҷойҳои намоён гардида, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоштанд, дар даромадгоҳи ноҳия чорабинӣ баргузор гардид. Дар маросим муовини раиси ноҳия Насрулло Файзуллозода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Мирсабур Абдуллоев, директори муассиса Назирҷон Комилов, мураббиён ва пайвандони варзишгарон иштирок намуданд. Муовини раиси ноҳия Насрулло Файзуллозода варзишгаронро бо ин дастоварди навбатӣ самимона табрик намуда, таъкид кард, ки ин муваффақиятҳо самараи давлати соҳибистиқлол, дастгирии ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳамзамон ба мураббиён барои заҳмати софдилона, роҳнамоӣ, тайёр намудани варзишгарони лаёқатманд ва баланд бардоштани нуфузи ноҳия дар арсаи варзиши байналмилалӣ изҳори сипосмандӣ карда шуд.

ДЕВАШТИЧ: ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН   

3 октябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ноҳия ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии омӯзгорон баргузор гардид.   Дар ҷамъомади тантанавӣ Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдурасул Абдунабиев, муовини Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарону кормандони соҳаҳои мухталифи ноҳия, собиқадорони ҷангу меҳнат, омӯзгорон, ҷавонону наврасон ва фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.   Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода суханронӣ намуда кулли омӯзгорон ва иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон самимона табрику муборакбод намуданд.   “- Таҷлили имсолаи Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгорон ба худ шукӯҳу шаҳомати хосаро доро буда, дар соли ҷашни таърихии давлату миллат – 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардида истодааст.   Бояд қайд намуд, ки Рӯзи забон ва Иди касбии омӯзгорон ин ду калимаи муҳим поягузори асолати миллӣ ва шоҳсутуни маърифату фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб ёфта, бо ҳамдигар иртиботи зич доранд, зеро миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни бисёрсолаи худ ифтихор дорад ва ин ҳама арзишҳои фарҳангӣ то замони мо маҳз тавассути забон ба ёдгор…

ИФТИТОҲИ ФОСИЛАВИИ 5 КӮДАКИСТОН, МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ, ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ВА БИНОИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд. Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Дар кӯдакистон шароити мусоиди таълим барои омӯзиш, машғулият ва бозиҳои гуногуни амаливу зеҳнии  кӯдакон фароҳам оварда шудааст. Дар 5 кӯдакистон ва муассисаи таълимии томактабӣ дар деҳаҳои Ҳазорчашма, Нуробод, Росровут, Чӯянгарон ва Басманда дар маҷмуъ зиёда аз 400 кӯдак ба машғулиятҳои шавқовару зеҳнӣ фаро гирифта шуда, ҳамзамон дар онҳо беш аз 100 мураббӣ бо кори доимӣ таъмин гардид. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Деваштич зиёда аз 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият намуда, дар ташаккули зеҳнии кӯдакон ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд. Дар ҳамин ҷо бинои сеошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич, ки барои 1000 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст, ифтитоҳ гардид. Он бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, аз 18 синфхонаи муосири таълимӣ бо дастгоҳу лавозимоти хониш иборат мебошад. Майдончаи варзишӣ ва таълимгоҳ барои гузаронидани дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ аз имкониятҳои дигари…

ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ №6 ДАР ДЕҲАИ БАСМАНДАИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ноҳияи Деваштич дар деҳаи Басманда муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро, ки Фотима ва Зуҳро номгузорӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои кӯдакистони Фотима ва Зуҳро дар ноҳияи Деваштич, ки аз 2 ошёна иборат аст, соли 2021 оғоз гардида, бо тарҳи замонавӣ бунёд шудааст. Муассисаи томактабӣ дар 4 гурӯҳ 120 кӯдакро ба тарбия фаро мегирад. Дар ин иншооти соҳаи маориф наздики 30 омӯзгор бо ҷойи кор таъмин гардид. Бо мақсади дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин кардани бино, кӯдакистон дорои шабакаи худии гармидиҳӣ мебошад . Барои ин дар ин ҷо дегхона ва ҳавзи нигаҳдории об низ бунёд ёфтааст. Дар ҳудуди муассиса 2 майдончаи бозӣ барои кӯдакон мавҷуд буда, ҳудуди он сабзкорӣ ва пурра чароғон шудааст. Муассисаи томактабӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба муносибати таҷлили бошукӯҳи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша бо тарҳи замонавӣ таъмиру навсозӣ гардидааст. Баъди шиносоӣ бо иншооти тозабунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ тарбия намудани хурдсолон, ки дар ин раванд зинаи аввали…

БАРГУЗОРИИ ДАВИ МИЛЛӢ ВА ВЕЛОМАРАФОН ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

19 май дар ноҳияи Деваштич бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, муовинони Раиси ноҳия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони МИҲД ноҳия ва корхонаву ташкилотҳо, ҷавонону наврасон ва варзишгарон баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сараввал, Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва баргузории Дави миллӣ табрику муборакбод гуфта, баён дошт, ки имрӯз Дави миллӣ бо ҳидояти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми манотиқи Тоҷикистон бо шукӯҳ ва шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Таъкид гардид, ки рушди варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва тарбияи варзишгарони касбию шуҳратёр дар меҳвари сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин ҷиҳат бо мақсади таблиғи тарзи ҳаёти солим, роҳандозии тадбирҳои мақсаднок ҷиҳати пайваста машғул шудани наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши касбӣ шароити созгори инфрасохторию ташкилӣ дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Деваштич низ муҳайё гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи варзиш як силсила тадбирҳо андешидааст. Дар ҳақиқат, Дави миллӣ ин яке аз омилҳои оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аст. Дар баробари ин маъракаи мазкур баҳри…

РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИ БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 48-И ДЕҲАИ МУҶУН ШИНОС ШУД
Маориф , Хабарҳо / 04.05.2025

2 майи соли равон Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзод дар доираи нақшаи корӣ аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақамаи 48-и деҳаи Муҷуни Ҷамоати деҳоти Муҷун шинос шуд. Дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Муҷун бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 ба истифода дода мешавад. Зимни шиносоӣ иттилооъ дода шуд. ки бинои мазкур аз се ошёна ва таххона иборат буда, барои 420 хонанда дар як баст бунёд шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ ва аёниятҳои дарсӣ пурра таъмин карда мешавад. Раиси ноҳия бо раванди корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур ба масъулини соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ ва дигар шахсони масъул вазифадор карда шуданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда ба масъулин дастуру супоришҳо дод.  

МУЛОҚОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БО ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБИИ МАРКАЗИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 15 апрели соли 2025 дар толори Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд ба номи “Лоиқ Шералӣ” мулоқоти Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии маркази вилояти Суғд доир гардид, ки дар мулоқот намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сармутахассис шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Мирзоғуфрон Ғафуров ширкат варзид. Нахуст Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода суханронӣ намуда, ба донишҷӯён, ки ҳама аз ноҳияи Деваштич мебошанд, доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, дастоварду пешравиҳо, имкониятҳои мавҷуда ва нақшаву стратегияҳои дарназардошташуда маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Вобаста ба Истиқлолият, сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, ҳифзи марзу буми Ватан аз арзишҳои муҳим арзёбӣгардида, бо ёдоварӣ аз таърихи истиқлолияти кишвар, сабабу омилҳои ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ, саркардагони он, ҳадафҳои ғаразноки гуруҳҳои манфиатхоҳу иртиҷоӣ аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки нисбати ин неъматҳои бебаҳо бетараф набошанд ва барои ҳифзи онҳо ҳамеша тадбирҳо андешанд. Дар суханронии хеш Раиси ноҳияи Деваштич махсусан заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди аз байн бурдани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, овардани гурезагон, барқарор кардани сулҳу субот ва минбаъд ба роҳ мондани рушди бомайлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мисолҳои…

ДАР ДЕҲАИ ЛОЛАЗОР БА СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ САНГИ АСОС ГУЗОШТА ШУД

Дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Деваштич ба ифтихори санаҳои фархундаву миллӣ, аз ҷумла ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону таҷдид ва бунёди иншооти гуногун авҷи тоза гирифта, сокинон дастаҷамъона дар корҳои ободонӣ саҳми арзанда мегузоранд. 22 март Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода бо ҳамроҳии вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ Бобоҷон дар деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти Яхтан ба сохтмони муассисаи томактабӣ санги асос гузоштанд. Бинои нав бо дастгирии мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва сокинону соҳибкорони маҳалӣ бунёд карда мешавад. Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот Раиси ноҳия ҷиҳати анҷом босифати корҳо ва бунёди бинои дуошёна барои 200 нафар тарбиятгирандагон тавсияҳо дод. Ҳоло дар ноҳия 8 кӯдакистон фаъолият дошта, 1430 нафар ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Раиси ноҳия Ашӯралӣ Ҷалилзода дар суҳбат бо сокинони деҳа зикршуда иброз дошт, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин бунёд кардани як муассисаи томактабӣ вазифагузорӣ карда шудааст ва барои иҷрои ин супориш аз тамоми имкониятҳо истифода бурда хоҳад шуд. Бунёди кӯдакистонҳои нав бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинону соҳибкорони ватандӯст амалӣ карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки дар Ҷамоати деҳоти Яхтан наздик 20 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат дошта, дар…