8 майи соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии ноҳияи Деваштич бо иштироки Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Илҳом Бониёзов ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба ба иштирокчиёни ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд, кӯмакпулии яквақтаи Раиси вилояти Суғд ва Раиси ноҳияи Деваштич тақдим карда шуд.
Зимни суҳбат бо иштирокчиёни ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ зикр гардид, ки ҷонфидоии мардони шуҷоъ дар ҷанги дуюми ҷаҳон тамсили олии Ватандӯсти, ваҳдат озодихоҳӣ, ва шуҷоату мардонагӣ буда, барои наслҳои ҷавон дарси ибрат ва сабақи ҷовидона мебошад.
Бояд қайд намуд, ки ба муносибати ин санаи таърихӣ ба 5 нафар собиқадорони ақибгоҳ, ки айни замон дар ноҳияи Деваштич зиндагӣ мекунанд ёрии яквақтаинаи моддӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд-8000 сомонӣ ва Раиси ноҳияи Деваштич- 1000 сомонӣ тақдим карда шуд.
Ин иқдом идомаи тадбирандешиҳо ҷиҳати қадршиносӣ аз хизматҳои фарзандони фарзонаи Ватан ба шумор меравад.
Фидокорони меҳнати ақибгоҳ аз ин таваҷҷӯҳу самимият болида гардида, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимонаи хешро баён намуданд.
Шарҳ нест