Субҳи 8 майи соли 2025 ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар пояи муҷассамаи “Аскари номалум”-и шаҳраки Ғончӣ маросими гулчанбаргузорӣ ва ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Илҳом Бониёзов ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузоштанд.
Инчунин дар маросими гулчанбаргузорӣ муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзу ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат, омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонони фаъол низ бо эҳтироми хоса ба поси хотири шаҳидон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон гулчанбарҳо гузоштанд.
Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода зимни суханронии худ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар симои онҳо кулли мардуми меҳнатқарини ноҳияро ба муносибати 80-солагии Рўзи Ғалаба шодбош гуфта, ба ҳозирин саломатии бардавом, саодати рўзгор ва барору комёбиҳо таманно намуд.
Қайд карда шуд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон Рўзи Ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳамеша бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корномаҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набард барнагаштаанд, таҷлил менамоянд.
-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рўзи Ғалабаро дар радифи санаҳои фаромўшнашаванда гузошта, аз ҷумла таъкид намудаанд: «Рўзи Ғалаба рамзи ватандўстӣ, фидокорӣ, иттиҳод ва рўҳи шикастнопазири халқҳост. Ҳамасола таҷлил намудани Рўзи Ғалаба, поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати бекарони онҳое, ки дар ақибгоҳ дар шикасти душман саҳм гирифтанд, худ анъанаи нек ва сабақи ибратомўз барои наслҳои имрўза аст».
Таъкид гардид, ки дар набардҳои хунини солҳои 1941-1945 ба ҳар як хонадони сокинони вилоят таъсири ҷуброннопазир гузошта, садҳо ҳазор ҷавонмардонро, ки дар ҷангҳои пурфоҷеа ширкат намуда, корнамоиҳои бемисл нишон доданд, ба коми худ фурӯ кашид. Таърих гувоҳ аст, ки дар он солҳо беш аз 300 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистони азизамон ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷруҳ шуданд.
Номи неку корномаи ин ҷавонмардон дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардида, баргузории чорабиниҳои ёдбуд ва таҷлили мутантани Рӯзи Ғалаба эҳтиром гузоштан ва ёдоварии онҳоест, ки барои пирӯзӣ ва ҳифзи Ватан садоқатмандона ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ҷониби дигар, корномаи падарони қаҳрамон ва онҳое, ки бо сари баланд аз майдони ҷанг баргаштанд, дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта барои имрӯзиён ҳамеша дастури зиндагиву фаъолият мебошад.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Илҳом Бониёзов паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалабаро ба самъи ҳозирин расонида, ба онҳо саломатӣ, саодати рўзгор, барору комёбӣ ва хушиҳои зиндагиро таманно намуд.
Сипас ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 маросими савгандёдкунии наваскарони қисми ҳарбии 04533-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд, иштирок карда, ваъда доданд, ки барои ҳифзи марзу бум, пойдории сулҳу субот саҳм мегузоранд ва ба халқу Ватан садоқатмандона хизмат менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки сол ба сол сафи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ кам гардида, имрӯз дар ноҳия 2 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 5 нафар заҳматкашони ақибгоҳ зиндагонӣ менамоянд.
Ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар руҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад.
Шарҳ нест