КУМАКПУЛИҲОИ ЯКВАҚТАИНАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945 ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ СУПОРИДА ШУД

09.05.2025
print
8 май намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода аз ҳоли иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 сокини деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти Ғазантарак Бибола Рӯзиматови 100 сола ва сокини деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Далёни Боло Нозим Носирови 101 соларо хабар гирифта ба онҳо кумакпулиҳои яквақтаинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро супориданд.
Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки диловариву ҷонфидоӣ, корнамоӣ ва қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи Ватан дар саҳифаҳои таърих абадан сабт гардида, барои ҳамеша намунаи ибрат аст.
Мавриди зикр аст, ки ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба Бибола Рӯзиматов ва Нозим Носиров аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миқдори 50 000 сомонӣ, аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 15 000 сомонӣ ва аз номи Раиси ноҳияи Деваштич 3000 сомонӣ кӯмакпулии яквақта дода шуд.
Иштирокчиёни ҷанг аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуда, бо дуову дуруд дар сиёсати созандаю ободкорона ва фаъолияти пурмасъули давлатии Сарвари давлат барор ва барои Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code