ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БАХШИДА РӮЗИ ЁДБУДИ БАРТАРАФКУНАНДАГОНИ САДАМАИ НЕРӮГОҲИ БАРҚИ АТОМИИ ЧЕРНОБИЛ ЧОРАБИНӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.

23.04.2025
print
23 апрели соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштироки Раиси ноҳияи Ашуралӣ Ҷалилзода бахшида Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ- атомии Чернобил чорабинӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳия зимни суханронии хеш қайд намуд, ки дар бартарафсозии садама ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда 15 нафар ҷавонони шуҷоъ, аз ҷумла 1 нафар донишҷӯи мактаби милитсия, 13 нафар сарбоз, 1 нафар партизан саҳми арзандаи худро гузошта буданд Аз онҳо 13 нафар иштирокчиён ин садама дар қайди ҳаётанд ва 2 нафар вафот намудаанд. Зимни вохурӣ раиси ноҳия вазъи саломатӣ ва муаммоҳои ҳар яки онҳоро дар алоҳидагӣ пурсида шуд.
Таъкид гардид, ки вожаи вазнини садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернубил яке аз воқеаҳои мудҳаштарин буда, баҳри бартарафсозии садама ва пешгирии заҳролудшавии муҳити зист тамоми чораю тадбирҳои таъҷилӣ андешида буданд.
Дар бартараф сохтани садама сокинони тамоми гӯшаю канори ҷумҳуриҳои собиқ иттиҳоди Шӯравӣ бо амри виҷдону иродаи қавӣ ихтиёран ба мавзеи паҳншавии ин фоҷиаи табии рафта, ба зарардидагон кӯмаку дастгирии амали расонидаанд. Дар як муддати кӯтоҳ садама бартараф карда шуда, сокинони гирду атрофи мавзеи Нерӯгоҳи барқи-атомии Чернобил ва маҳалҳои аҳолинишини наздики он бударо ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.
Таъбирҳои зиёди пешгирӣ аз заҳролудшавӣ пай дар пай гузаронида шудаанд, ки бори дигар дӯстию ҳаммаромии халқҳои ҷумҳуриҳои собиқ иттиҳоди Шӯравиро ба ҷаҳониён муаррифи намуд.
Дар бартарафсозии садама ва пешгирии ҳолатҳои фавқуллода бисёр сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок карда, қаҳрамонию шуҷоат нишон додаанд. Аз ноҳия низ шумораи зиёди ҷавонмардон дар бартарафсозии садама ширкат варзида буданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки 26 апрели соли 1986 дар Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобл фалокате рух дод, ки дар таърихи инсоният мудҳиштарин маҳсуб меёбад. Дар натиҷаи садамаи мазкур ва таркиш дар бахши чоруми истгоҳи нерӯгоҳ моддаҳои радиоактивӣ ба садҳо ҳазор километри мураббаъ паҳн гашта бо ин фалокат ба кисмати миллионҳо нафар сокинони маҳаллии Ҷумҳурии Руссия, Белорус, Украина ва дигар давлатҳо ба он наздик таъсири манфии худро расонид.
Ҳамзамон ба Илҳом Додобоев ва Ҳошим Холмирзоев медали Ҷашнии 80- солагии Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 супорида шуд. Ҳамчунин ба ҳамсари марҳум Ҳайитбой Тошпӯлотов Муборак Тошпулотова кӯмакпулии яквақта расонида шуд.
Дар фарҷом ба иштирокчиён тӯҳфахои хотиравии Раиси ноҳия супорида шуд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code