РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО ҶАРАЁНИ БУНЁДКОРИҲО ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ШИНОС ГАРДИД

29.04.2025
print
28 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Деваштич сафар карда, бо ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос гардид.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бунёд, таъмир ва навсозии 583 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 438 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудааст. Тибқи иттилои масъулон корҳои сохтмонӣ дар иншооти боқимонда бо маром идома дорад.
Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахуст корҳои сохтмонии бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои ба охир расонидани корҳо супоришҳо дод. Чуноне иттилоъ дода шуд бино бо саҳми соҳибкорон ва аъзову пайравони ҳизб сохта шуда, қисми зиёди корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтааст ва бо ба истифода додани он барои кормандони кумиҷроия шароити арзандаи корӣ фароҳам хоҳад шуд.
Раиси вилоят аз маркази ноҳия ба деҳаи Қалъаи Дӯст омада, бо сокинон сӯҳбатҳо анҷом дод. Тазаккур дода шуд, ки сокинони ноҳияи Деваштич дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободонии диёри худ саҳми арзанда мегузоранд. Бунёди бинои нави Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯст дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат яке аз намунаҳои чунин корҳои бунёдкорӣ мебошад.
Раиси вилоят зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ саҳми соҳибкоронро дар бунёди иншоот шоиста арзёбӣ намуд.
Қобили зикр аст, ки дар деҳаи Қалъаи Дӯст 6730 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд ва бо мавриди истифода қарор гирифтани Маркази саломатӣ сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ баён шуд, дар деҳоти дурдасти ноҳияи Деваштич сохтмони муассисаҳои томактабӣ оғоз гардидааст. Аз ҷумла, сохтмони бинои кӯдакистон дар деҳаи Басмандаи Ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд идома дошта, барои қабули 200 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.
Раиси вилоят аснои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ масъулинро вазифадор намуд, ки сохтмонро бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда анҷом бахшанд.
Тибқи маълумоти масъулини ноҳияи Деваштич дар деҳоти ноҳия сохтмони 8 муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар се кӯдакистон оғоз ёфтааст.
Деҳаи Басманда яке аз калонтарин деҳоти ноҳияи Деваштич ба шумор меравад ва дар он беш аз 11 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Бо дарназардошти ин, Раиси вилоят зарур шуморид, ки дар деҳа коргоҳҳои дӯзандагиву пойафзолдӯзӣ таъсис дода шаванд. Аз сокинону соҳибкорон даъват карда шуд, ки дар ободонии Ватан саҳми боз ҳам бештар гузошта, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гиранд.
Ҳамчунин, роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт. Аснои дидорбинӣ бо Раҷаб Миров, сокини деҳаи Басманда, ки солҳои зиёд дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият бурдааст, ба саҳми собиқадорони меҳнат дар пешрафти ҷомеа баҳои баланд дода шуд.
Сипас, роҳбари вилоят ба манзили Зулфия Бобоева, сокини деҳоти Муҷун омада, ба ӯ низ кумакҳои моддӣ расонид. Мавсуф имрӯз бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар дар канори пайвандонаш зиндагии осоишта дорад.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code