Тавре маълум аст, ки рӯзҳои 5-7 августи соли 2025 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷалби сармоя ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо шарикони рушд ҳайати ноҳияи Деваштич бо роҳбарии Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ба вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард. Ҳадаф аз сафари ҳайат ба вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо шаҳру ноҳияҳои вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, зимни сафари расмӣ намояндагони ноҳияи Деваштич аз корхонаҳои саноатӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ боздид карда, бо фаъолияти бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ шинос шуд. Аз соҳибкорони ӯзбек даъват ба амал оварда шуд, ки бо сафари корӣ ба ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ташриф оварда, бо вазъи соҳаҳои кишоварзию саноатӣ бевосита шинос гарданд. Зеро доираҳои тиҷоратии ду тараф бо ҷалби сармоя ва воридсозии технолгияи муосир метавонанд дар ин ҷода ба дастовардҳо ноил гарданд.
7 августи соли 2025 дар шаҳри Намангон мулоқоти Раиси ноҳияи Деваштич Ҷалилзода бо ҳокими вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуразақов Шавкат Шокирҷонович баргузор гардид. Ҳайати ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода барои дидан ва ривоҷ додани ҳамкорӣ бо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Намангон ташриф оварданд. Аснои мулоқот аз густариши ҳамкории мутақобилан судманд, ки имрӯз роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев тавонистанд, муносибатҳои ин ду кишвари ҳамсояро мустаҳкамтар намуда, риштаи дӯстиро қавитар созанд. Хушбахтона, солҳои охир муносибатҳои тиҷоратии ин ду кишвар низ рӯ ба инкишоф оварда, ба бозорҳои ҳамдигар роҳ ёфтани маҳсулотҳои истеҳсоли дохилӣ ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таконбахш гашта истодааст. Таъкид карда шуд, ки соҳибкорони ду мамлакат метавонанд дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ тарҳҳои барои ҳарду ҷониб манфиатбахшро амалӣ созанд. Инчунин дар фарҷоми мулоқоти ёддошти тафоҳум байни роҳбарияти ноҳияи Деваштич ва роҳбарияти вилояти Намангон оид ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, иқтисоду савдо ва кишоварзӣ ба имзо расидани шуд. Санади мазкур барои минбаъд дар доираи қонунҳои амалкунанда ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва тақвият бахшидан дар самтҳои болозикр имкон фароҳам…
2 августи соли 2025 баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари кориашон ба вилоят Суғд соли 2025, ҳангоми шиносоӣ санаи 12 июли соли 2025 аз таҷрибаи картошкапарварони ноҳияи Деваштич, бо назардошти омилҳои пешгуинашаванда, тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он, захираи маводи ғизоии ду сола, ҷиҳати истифодаи оқилонаву самараноки ҳар як ваҷаб замин ба кулли мардуми кишвар баён доштанд, Семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўӣ “Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии картошка дар минтақаҳои доманакўҳи вобаста ба шароити тағйирёбии иқлим” дар хоҷагии деҳқонии Ҳотам Қурбонови деҳаи Басмандаи Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич баргузор гардид. Семинари мазкур бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияҳои Деваштичу Кӯҳистони Мастчоҳ ташкил карда шуд. Дар кори семинар, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти ДИПҶТ Салимзода Салим, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҲҶТ Файзуллозода Муҳаммадсаид, муовини раиси вилоят Қосимӣ Файзулло, Президенти АИКТ Салимзода Амонулло, Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон, раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода,…
Муҳтарам кормандони Хадамоти оташнишонӣ! Боиси хушнудист, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола 30-юми июл Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ таҷлил мегардад. Хадамоти давлатии оташнишонӣ яке аз хадамоти бонуфузи Вазорати корҳои дохилӣ ба шумор рафта, фаъолияти он асосан дар ду самт – омодагӣ барои сӯхторхомӯшкунӣ ва назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор амалӣ карда мешавад. Соли равон 97-умин солгарди таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ ҷашн гирифта мешавад. Бо қарори Кумитаи Марказии иҷроияи Шӯрои комиссарони халқии Ҷумҳурии мухтори шӯравӣ-сотсиалистии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 1928 хадамот дар шакли «Назорати давлатии бехатарӣ» таъсис ёфтааст. Ҳамагон медонанд, ки дар ҳаёт аз наҷоти ҷони инсон чизи наҷибтаре нест. Дар ҳама давру замон беҳтаринҳо барои сӯхторхомӯшкунӣ интихоб карда мешуданд. Дар тӯли солҳои мавҷудияти худ, ниҳоди сӯхторнишонӣ бисёр марҳилаҳоро паси сар кард, аммо ҳадафҳо ва вазифаҳои хидмат бетағйир монданд – хомӯш кардани оташ ва наҷоти одамон. Мутахассисони ин касб ҳамеша бо далерӣ, ҷасорат, муҳаббат ва садоқат ба кори худ ва омодагии ҳамешагӣ матонат нишон медиҳанд, зеро мубориза бо оташ ҳар рӯз аз онҳо кордониву зиракӣ, тахассуси баланд ва мардонагии шахсиро талаб мекунад. Алҳол дар ноҳияи Деваштич Қисми мустақили 67-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳия фаъолияти пурсамари хизматӣ дорад. Дар ин қисми оташнишонӣ беш…
Ҳамасола дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми июл Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ таҷлил мегардад. Бахшида ба ҷашни касбии оташнишонон 28 июл дар қисми мустақили 67-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Деваштич ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода кормандони хадамотро бо иди касбияшон табрику муборакбод намуда дар адои хизмати пуршарафу пурмасъулият ба манфиати давлат ва халқи Тоҷикистони азиз саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барору комёбиҳо орзу намуд. Раиси ноҳия нахуст аз раванди таъмин гардидани шароити арзандаи кору хизмати кормандони ин ниҳод ибрози назар намуда, зикр дошт, ки дар замони соибистиқлолии кишвари мабуб бо дастгириву пуштибониои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бари таъмини заминаи моддӣ-техникии сохторои Хадамоти давлатии оташнишонии Ҷумурии Тоҷикистон, тарбия намудани мутахассисони баландихтисос, фароҳам намудани фазои мусоиди корӣ ташаббусои наҷиб рӯи кор гирифта шуда, ин раванд зери назорат ҳамешагӣ қарор дорад. Хадамоти оташнишонӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми июли соли 1928 ташкил гардида, якумин дастаи оташнишонон дар шаҳри Душанбе 1-уми апрели соли 1929 таъсис ёфтааст. Аз солҳои 30-юм сар карда дастаҳои оташнишонӣ дар шаҳрҳои Ленинобод (Хуҷанд), Конибодом, Панҷ, Исфара ва Уротеппа таъсис ёфтанд. Соли 1936 дар пойтахт дастаи дигари оташнишонон созмон дода шуда, худи ҳамон сол дастаҳои…
28 июл дар толори мақомоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич нишасти матбуотии Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба иҷроиши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, таҳти №АП 1677 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ, ки ба натиҷаи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2025 бахшида шуд, кормандони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Раиси ноҳия оид ба вазъи соҳаҳои гуногун ва натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Деваштич дар нимсолаи аввали соли 2025 маълумот дод. Қайд карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд андешида, барои таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуд. Ашуралӣ Ҷалилзода дар баромади худ нисбати вазъи кунунии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия, мисли соҳаҳои тандурустиву маориф, фарҳанг, варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ мавриди қайд қарор дода шуд. Дар нишасти матбуотӣ ба Раиси ноҳия аз ҷониби намояндагони воситаҳои…
КОРНОМАҲОИ ҶОВИДОНАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ (ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ) ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ АЗ ДИДГОҲИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат падидаи истиқлоли давлатиро армуғони тақдир намешуморад. Ба ин рӯйдод аз чаҳорчӯбаи таърихи беш аз панҷҳазорсолаи миллати тоҷик менигарад. Таъкид месозад, ки ормони истиқлолият аз нахустин лаҳзаҳои шаклгирии миллати тоҷик арзи ҳастӣ кардааст. Шароити мушаххаси таърихи пайдоиш ва рушди ҷаҳонбиниеро, ки мустақилияти сиёсии миллатро дар назар дошт, ёдрас менамояд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 11) «Масъалаи соҳибихтиёрӣ барои Роҳбари давлат хусусияти танҳо хуқуқӣ, ифтихорӣ, декларативӣ ва идеявӣ надорад. Чунин мафҳуми муқаддасро ӯ дар ҳамоҳангӣ бо алоқаи диалектикии моҳиятӣ мебинад. Ҳидоят менамояд, ки маънии онро бояд ҳамагон омӯзанд ва андеша кунанд» (Ҳамон ҷо. – С. 12). «Мафҳуми «истиқлолият» дар фармудаҳои Пешвои миллат маънии фароҳамсозии «имконият»-ро дорад. Имконият ба давлат, ба ҳукумат, ба зиёиён, ба табақаҳои гуногуни ҷомеа – аз хурд то бузург, ба ҳар фарде, ки зарфият, қобилияти фикрронии комил ва тафаккури солим дорад ва сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ, мансубият ба дину мазҳаб, худро соҳибватан мешуморад» (Ҳамон ҷо. – С. 13). «Дар андешаи Сарвари давлат истиқлолият аз бузургтарин муқаддасоти моддӣ ва маънавии миллати…
Таассуроти ҳар бинанда ва сафаркунанда ба ин ё он гӯшаи диёр аз дарвоза оғоз мешавад. Ин аст, ки мардуми аҳлу дурандеши яке аз деҳаҳои калонтарини ноҳияи Деваштич – деҳаи Басманда ободиро аз сохтани дарвозаи русто оғоз карданд. Яъне, соли 2024 бо ҳамдастии мардум ва соҳибкорони маҳаллӣ Хуршед Шарифов ва Суҳроб Ортиқов дарвозаи асосӣ бунёд шуд. Дарвоза шабҳо чароғон мешавад ва атрофи онро дарахтони ҳамешасабз оро додаанд. Мардум пеш аз он ки дарвозаро созанд, нахуст, аз даромадгоҳи деҳа то назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-уми ба номи Рустамҷон Ҳасановро дар масофаи 4 км мумфарш намуданд. Ҳоло ҳар касе, ки ба рустои кӯҳистони Басманда сафар намояд, ӯро дарвозаи бошукӯҳ, чароғпояҳои офтобӣ, сафедорону арчаҳои сабз ва роҳи ҳамвори мумфарш пешвоз мегиранд. ҲАШАР – РАМЗИ ҲАМБАСТАГИИ МАРДУМ Дастаҷамъона ҳал кардани муаммову масъалаҳои маҳалла, ба монанди кашидани лӯлаҳои обгузар, иваз намудани пойгоҳҳои тақсимоти барқ, мумфарш кардани роҳҳо, насби чароғпояҳо, сохтани мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ, тармими муассисаҳои таълимӣ дар Басманда ба як анъанаи дерин табдил ёфтааст. Бавижа, дар ҳашари мардумӣ пиру барно ва, ҳатто, кӯдакон ҳам иштирок карда, саҳми худро мегузоранд. Марди 84-сола, иштирокдори Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ Ҳошим Азимов дар ин бора гуфт: “Ҳанӯз аз миёнаи солҳои 80-уми замони шуравӣ чун раиси хоҷагии деҳқонии ин…
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Қалъаи Хоҷии Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ мумфаршкунии роҳҳо идома дорад. Раиси ноҳияи Деваштич Ашурлӣ Ҷалилзода ба деҳаи Қалъаи Хоҷии Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ омада, бо сокинони бунёдкори он суҳбати самимӣ анҷом дод. Аснои суҳбат қайд карда шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат ёфта, шаҳрвандон барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона меҳнат намуда истодаанд. Дар зимн ба ташаббускории сокинони деҳаи Қалъаи Хоҷӣ, ки бо аҳлона то имрӯз 3,5 км роҳро мумфарш намудаанд, баҳои баланд дода шуд. Раиси ноҳия аз сокинон даъват кард, ки дар оянда низ чунин корҳои хайру савобро анҷом дода, барои ободонии маҳал саҳмгузор бошанд. Сокинони деҳа дар навбати худ изҳор доштанд, ки ободсозии Ватан кори ҳар як нафари ватандӯст буда, минбаъд низ корҳои ободонӣ анҷом дода хоҳад шуд.
24 июли соли 2025 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии дар ноҳияи Деваштич дар доираи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо мақсади натиҷагирӣ намудан аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич баргузор гардид. Дар кори маҷлис муовини раиси ноҳия Файзуллозода Насрулло, мудири шӯъбаи иттилоот ва тарғиботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Толибзода Мухтор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Деваштич рақами 24 Шосаидзода Шаҳбоз ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Маъмурзода Равшаной, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, масъулини як қатор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд. Тибқи рӯзномаи маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич баррасии масъалаҳои зерин ба миён гузошта шуданд: 1. Ахбороти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич дар самти амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ дар Анҷумани 15-уми ҳизб, татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб барои солҳои 2025-2030, иҷрои қарорҳои Конференсияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ дар шашмоҳи аввали соли 2025; 2. Тасдиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии…