Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯз зери парчами сулҳу дӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз дар баробари тамоми мардуми сулҳдӯсти сайёра 80-солагии Рӯзи Ғалабаи бузургро ба муқобили фашизми гитлерӣ ҷашн гирифта, аз корнамоиҳои фарзандони миллати тоҷик, ки дар майдонҳои ин ҷанги хонумонсӯз ҷоннисориҳо кардаанд, ба некӣ ёдоварӣ менамоянд.
Ба ифтихори ин санаи таърихӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич собиқадорони ҷангу меҳнат ва сокинони ноҳияро самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо фазои орому осуда, хонаи обод ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоем.
Ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба, поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати бекарони онҳое, ки дар ақибгоҳ дар шикасти душман саҳм мегирифтанд, худ анъанаи нек ва сабақи ибратомӯз барои наслҳои имрӯза аст. Дар баробари ин Рӯзи Ғалаба моро ҳушдор медиҳад, ки сулҳу амният, тинҷию осудагӣ неъмати бебаҳо буда, барои ҳифзи онҳо мо бояд ҳамеша омода бошем.
Бояд қайд намуд, дар таъмини ғалабаи таърихӣ ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд.
Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш дар майдонҳои ҷанг ҳалок шуданд, ки номи неку корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст.
Дар рӯзҳои сахти ҷангӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар қатори фиристодагони Тоҷикистон 4 ҳазору 560 нафар фарзандони далеру шуҷои ноҳия дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамониву шуҷоат зоҳир намуданд, ки аз онҳо 2 ҳазору 100 нафарашон ба зодгоҳ баргаштанд ва 2 ҳазору 460 нафарашон дар ин майдони набард ҷони худро нисор намудаанд.
Зикр бояд намуд, ки дар даврони ҷанги Бузурги Ватанӣ Тоҷикистони азизи мо ҳамчун ақибгоҳи ёрирасони ҷанг ба корзори бузурги меҳнати сангин табдил гардида буд. Агар дар солҳои ҷанг ақибгоҳи мустаҳкаму тавоно намебуд ва фидокорию қаҳрамониҳои меҳнатии заҳматкашон намешуд, ҳаргиз мо ба ин Ғалаба намерасидем.
Бо вуҷуди душвориҳои зиёд, дар фурсати кутоҳтарин халқи тоҷик дар ақибгоҳ фаъолияти тамоми сохторҳои иқтисодиёти ҷумҳуриро ба таъмини эҳтиёҷоти ҷабҳа равона намудаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба парасториву нигоҳубин ва ғамхориҳои иҷтимоӣ фаро гирифта шуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич иқдоми ғамхоронаи муҳтарам Пешвои миллатро ҷиҳати эҳтирому қадрдонии собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ татбиқ намуда, нигоҳубин ва шароити мусоиди зиндагиро барои онҳо таъмин ва таҳти ғамхории доимӣ қарор медиҳад.
Имрӯз дар ноҳия ҳамагӣ 2 нафар собиқадорон Рӯзиматов Биболаи 100-сола сокини деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти Ғазантарак ва Носиров Нозими 101- сола аз деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Далёни Боло ва 5 нафар меҳнаткашони ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагонӣ карда, чун шахсиятҳои барӯманд, пирони рӯзгордида, дар ҷомеа обрӯву эътибори хоса дошта, канори фарзандону пайвандон ва таҳти ғамхориҳои пайвастаи муҳтарам Пешвои муаззами миллат давлати пирӣ меронанд.
Ҷиҳати тарбияи ватанпарастонаи насли ҷавон дар маркази ноҳия “Боғи Ғалаба” ва дар аксарияти ҷамоатҳои ноҳия “Лавҳаи хотира”-и собиқадорони ҷанг мавҷуд буда, ҳамчун мавзеи гиромидошти корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан ва мавзеи баргузории чорабиниҳои ватандӯстона пазируфта шудааст. Ҳамчунин дар арафаи 80-солагии Рӯзи Ғалаба бо мақсади гиромидошти хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ӯрунбек Ёқубов дар зодгоҳаш деҳаи Яхтан осорхонаи таърихӣ кушода шуд, ки боиси ифтихори ҳамдиёрон аст.
Бо таманнои нек барои фардои дурахшони Ватани маҳбуб иди Ғалабаро ба кулли ҳамватанон табрику таҳният гуфта, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ пеш аз ҳама саломатӣ, иқболи нек, умри бардавом ва ба халқи Тоҷикистон хонаи обод ва фазои осуда таманно дорам.
Иди Ғалаба муборак ҳамдиёрони азиз!


Дидани иттилооти оморӣ ва реклама
Тарғиб кардани пост
Маъқул
Шарҳ
Мубодила кардан
Шарҳ нест