ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

27.06.2025
print
Ҳамдиёрони азиз!
Фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллиро аз самими қалб ба сокинони сарбаланди ноҳия табрику таҳният мегӯям. Иди Ваҳдати миллӣ зодаи даврони истиқлолият буда, дар тақвими миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун рӯзи пирӯзӣ бар қувваҳои ҷудоихоҳ ва оғози марҳалаи нави таърихӣ таҷлил мегардад, зеро ваҳдати миллӣ хавфи пароканда шудани миллат ва аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷиконро ба таври воқеӣ пешгирӣ намуд.
Қайд намудан бамаврид аст, ки бисту ҳашт сол пеш дар ҳамин рӯз тавассути заҳматҳои беназири фарзанди некному сарсупурдаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ҷафодидаи тоҷик ба рӯзҳои неку шодӣ расид ва дар кишвар фазои орому осуда, сулҳу оромӣ танинандоз гардид.
Вобаста ба ин миллати бузургу некноми тоҷик, ки борҳо аз имтиҳону санҷишҳои сангини таърих сарбаландона гузаштааст, ба оламиён собит намуд, ки тору пуди ин миллат аз меҳру шафқат, сулҳдӯстӣ ва инсонпарварӣ сиришта шудааст, ҳеҷ гоҳ тарафдори ҷангу хунрезӣ қатлу ғорат набуду нест.
Пас аз вохӯрию талошҳои зиёд 27-июни соли 1997 дар шаҳри Москва созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва он рӯз дар таърихи миллат ҳамчун рӯзи наҷоти тоҷикон – Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо хатҳои заррин сабт гардид.
Баъд аз имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ пояҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон устувор гардида, мардуми кишвар ба ояндаи неку дурахшон боварии бештар ҳосил намуданд, нури умед ба дилҳо ҷо гирифт ва ин ба пешрафти истеҳсолот, илму фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар мусоидат намуд.
Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид намудаанд: «Аз баракати сулҳу оромӣ мо нақшаҳои худро доир ба пешрафти босуботи кишвар, ободониву созандагии Ватан ва зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ муайян ва муттаҳид намудем, ки имрӯз бо дастгирии самимона ва саъю талоши ватандӯстонаи халқамон дар ҷодаи амалӣ гардонидани онҳо бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем».
Бояд қайд намуд, ки дар тӯли солҳои ваҳдату якдилӣ дар ноҳияи мо низ пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.
Имсол сокинони ноҳия иди Ваҳдати миллиро дар шароите ҷашн гирифта истодаанд, ки мардуми шарафманди диёр омодагиҳоро ба таҷлили 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз вусъати тоза бахшида, баҳри дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ таҷлил намудани ин санаи муқаддаси миллат аз тамоми имконияту захираҳо истифода намуда истодаанд.
Бо шукронаи зиёд бояд изҳор намоем, ки ҳамаи ин дастовардҳо бевосита аз файзи ваҳдати халқи азизамон ва Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ сарчашма мегирад.
Ҳаёт низ собит месозад, ки дар амал татбиқ гардидани ҳама гуна орзую омол ва нақшаву ниятҳои нек, аз ҷумла рушду тараққиёти давлат ва ободии Ватан маҳз ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад.
Аз ин лиҳоз, дар шароити торафт печида гардидани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза муҳимтарин вазифаи ҳар як фарди худшиносу худогоҳ ва ватандӯст ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.
Итминони комил дорам, ки сокинони ноҳия бо ҳисси баланди ватанпарастӣ таҳти парчами истиқлолу озодӣ ва ваҳдату созандагӣ муттаҳид гардида, барои шукуфоӣ ва пешрафти Ватани маҳбубамон талош меварзанд.
Бори дигар, тамоми сокинони ноҳияи Деваштичро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфта, сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ, баракати рӯзгор ва ба кишвари азизамон Тоҷикистон ваҳдати пойдор орзу менамоям.
Рўзи Ваҳдати миллӣ муборак бошад!

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code