РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИ БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 48-И ДЕҲАИ МУҶУН ШИНОС ШУД

04.05.2025

print
2 майи соли равон Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзод дар доираи нақшаи корӣ аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақамаи 48-и деҳаи Муҷуни Ҷамоати деҳоти Муҷун шинос шуд.

Дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Муҷун бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 ба истифода дода мешавад.

Зимни шиносоӣ иттилооъ дода шуд. ки бинои мазкур аз се ошёна ва таххона иборат буда, барои 420 хонанда дар як баст бунёд шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ ва аёниятҳои дарсӣ пурра таъмин карда мешавад.

Раиси ноҳия бо раванди корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур ба масъулини соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ ва дигар шахсони масъул вазифадор карда шуданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

 

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code