ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ

04.05.2025

print
Муҳтарам кормандони мақомоти андоз ва собиқдорони соҳа!

Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шумоёнро ба муносибати иди касбиатон Рўзи кормандони мақомоти андоз аз номи худам ва аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия табрик ва муборакбод намуда, бароятон тансиҳатӣ, саодати умр, рўзгори ободу осуда ва дар фаъолияти босамару пурмасъулиятатон комёбиҳои тоза ба тоза таманно менамоям.

Воқеан ҳам мақомоти андоз дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо сарварӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рукни муҳим ва асоси молиявии мавҷудияти давлат арзи ҳастӣ намуда, ба яке аз ниҳодҳои пурқуввату тақдирсози давлатӣ табдил ёфта, дар пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, бахусус беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзишманд дорад.

Боиси ифтихор аст, ки кормандони соҳаи андоз ҷонибдори сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат буда, дар ободии Тоҷикистон, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, самаранок истифода бурдани маблағ ва бо ин васила таъмини пойдории давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ кўшиш менамоянд.

Имрўз ҳар фарди солимфикри ҷомеа медонад, ки баракати хазинаи давлат аз андоз вобастагӣ дорад ва давлат тавассути он сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоиашро муназзам месозад.

Самараи саъю талош ва меҳнати кормандони мақомоти андози ноҳия мебошад, ки корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ноҳия рўз аз рўз вусъати тоза гирифта, тибқи нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохта ба истифода додани боз садҳо адад иншоотҳои гуногуни иҷтимоию хизматрасонӣ ба назар гирифта шудааст, ки албатта амалӣ гардидани ҳамаи он ба кору фаъолияти пурмасъули кормандони мақомоти андози ноҳия вобастагӣ дорад.

Аз ин рў, бо эътимоду эътиқод ба ватандорию ободгарӣ аз фурсати муносиб истифода намуда, бори дигар кулли кормандони мақомоти андозро бо Иди касбиашон табрик намуда, ба онҳо дарозумрӣ, хонаободӣ, саодатмандӣ, пирўзиҳои рўзгор ва дар иҷрои вазифаҳои масъулиятноку шарафманд комёбиҳои беназирро орзумандам.

Иди касбӣ муборак бошад!

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code