Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд корҳои созандагӣ бо маром идома доранд. Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз рафти сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ боздид ба амал овард.
Айни замон дар ноҳия бунёди бинои нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, хатҳои оби полезиву нӯшокӣ ва дигар тадбирҳои ободонӣ бо суръат идома доранд. Корҳои созандагиро метавон дар тамоми ҷамоатҳои ноҳия, ҳатто дурдасттарин деҳаву маҳаллаҳо мушоҳида кард. Сокинон дар ҳамбастагӣ баҳри ободии Ватан саҳм мегузоранд.
Дар Ҷамоати деҳоти Муҷун сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ бо ташаббуси сокинон дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи ҳашар оғоз гардидааст. Дар деҳаи Қалъаи Дӯст бошад, сохтмони бинои нави Маркази саломатӣ идома дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани он беш аз 6700 нафар аҳолӣ аз хизматрасонии беҳтари тиббӣ бархӯрдор хоҳанд шуд. Саҳми соҳибкорон дар ин раванд шоиста мебошад.
Ҳамзамон, Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони коргоҳи пойафзолдӯзии ҶДММ “Раҳматулло” шинос шуд. Гуфта шуд, ки бо ба фаъолият шурӯъ намудани коргоҳ то 50 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.
Ба истиқболи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Деваштич сохтмон, таъмир ва навсозии 583 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 438 адади он мавриди истифода қарор гирифтаанд. Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатдар деҳоти дурдаст низ бунёди муассисаҳои томактабӣ роҳандозӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар деҳаи Басманди ҷамоати Ваҳдат бо маблағгузории мақомоти вилояти Суғд сохтмони кӯдакистон барои 200 кӯдак ҷараён дорад. Дар маҷмӯъ, дар ноҳия сохтмони 8 кӯдакистон ба нақша гирифта шуда, дар 3 адад корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтааст.
Деҳаи Басманда, ки беш аз 11 ҳазор аҳолӣ дорад, аз ҷиҳати ташаббусҳои рушди маҳаллӣ пешсаф аст. Дар ин деҳа таъсиси коргоҳи дӯзандагӣ ва кашидани 12 км хатти оби полезӣ, ки 500 гектар заминро ба гардиши кишоварзӣ медарорад, ба рушди иқтисодии маҳал мусоидат мекунад.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон таъкид намуд, ки ин тадбирҳо самараи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат маҳсуб ёфта, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус картошка мусоидат мекунанд. Дар назар аст, ки ҳаҷми истеҳсоли картошка дар ноҳия то ба 500 ҳазор тонна расонида шавад. Имсол дар ноҳияи Деваштич 9000 гектар картошка кишт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 800 гектар зиёд мебошад.
Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят собиқадори меҳнат Тоҷибой Ғаффоровро аёдат намуда, ба ӯ аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои пуливу моддӣ тақдим ва барояш сиҳатии комилу умри дароз орзу намуд.
Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
Шарҳ нест