ШИНОСОӢ БО ВАЗЪИ КОРҲОИ САҲРОӢ ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

28.05.2025
print

Дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин ва ба даст овардани ду ё се ҳосил аз як замин таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли картошка яке аз ҳадафҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳамасола майдони кишт ва ҳосилнокии он рӯ ба афзоиш дорад.

Ноҳияи Деваштич, ки аз минтақаҳои асосии картошкапарварии вилоят ва ҷумҳурӣ ба шумор меравад, дар самти кишт ва истеҳсоли ин маҳсулоти муҳими ғизоӣ пешсаф аст.

25 май Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз раванди корҳои саҳроӣ дар ин ноҳия нашъунамои картошкаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия кишти картошка дар майдони 9 ҳазор гектар ба роҳ монда мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 800 гектар бештар мебошад. Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти заминҳо бо оби полезӣ, дар деҳаи Басманда 12 километр хатти об кашида шуда, 500 гектар замини қаблан беоб обёрӣ мегардад. Ин иқдом ба зиёд шудани майдони кишти зироатҳо мусоидат мекунад.

Раиси вилоят зимни мулоқот бо кишоварзон ва сокинони маҳаллӣ чунин амалҳоро натиҷаи сиёсати оқилона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки обёрии заминҳо на танҳо барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсол, балки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат мекунад.

Обу ҳавои мусоиди деҳаи Басманда барои парвариши картошка бисёр мувофиқ буда, ҳоло имкониятҳо барои баланд бардоштани истеҳсол боз ҳам васеъ мегарданд. Тибқи ҳидоятҳои Пешвои миллат, дар ояндаи наздик ҳаҷми истеҳсоли картошка дар ноҳияи Деваштич бояд ба 500 ҳазор тонна расонда шавад.

Дар хоҷагии тухмипарварии ба номи “Ҳотам Қурбонов” имсол кишти картошка дар майдони 400 гектар ба нақша гирифта шуда, бо азхудкунии заминҳо боз 400 гектар замини дигар обёрӣ гардид.

Дар баробари рушди картошкапарварӣ дар ноҳия ба кирмакпарварӣ низ диққати ҷиддӣ зоҳир карда мешавад. Имрӯзҳо дар деҳоти ноҳия маъракаи ҷамъоварии пилла ҷараён дошта, тибқи иттилоъ, соли равон 180 қуттӣ кирмак тақсим гардида, дар назар аст, ки истеҳсоли пилла ба 6 тонна расад. То имрӯз зиёда аз 1,5 тонна пилла ба нуқтаҳои қабул супорида шудааст.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо кирмакпарварон таъкид дошт, ки рушди соҳаи пиллапарварӣ ба таъмини ашёи хоми корхонаҳои нассоҷӣ мусоидат намуда, барои рушди саноат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ замина мегузорад.

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят аз ҳоли собиқадори соҳаи маориф, омӯзгори варзида — Норӣ Аҳтамова хабар гирифт. Номбурда тӯли 35 соли фаъолияти худ дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштааст.

Раиси вилоят аз хидматҳои содиқонаи чунин шахсони меҳнатқарин ва фидоӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки собиқадорон ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумат қарор доранд.

 

 

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code