ТАШРИФИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН СУЛАЙМОН ЗИЁЗОДА БА НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

06.12.2024
print
5 декабри соли ҷорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич ташриф овард.
Зимни ташриф бо масъулини соҳаи кишоварзӣ, идораҳои замин, хоҷагии об, нигоҳдории роҳҳо, хоҷагии ҷангал, бахши ҳифзи муҳити зист, раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар шахсони дахлдор мулоқот карда, суҳбати сарироҳӣ анҷом дод.
Аз ҷумла, вобаста ба тақвияти шудгори заминҳо, шинонидани ниҳолҳои сояафкану ороишии шафати шоҳроҳҳо ва талу теппаҳои бекорхобида, барқарорсозии мавзеҳои алоҳидаи ҷангалзорҳо, мондани яхоб дар заминҳои боғу токзорҳо ва дигар масъалаҳои марбутаи соҳаи кишоварзӣ маслиҳатҳо дода, дар назди ҳозирин вазифагузорӣ намуд.
Зимни мулоқот муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия ва раисони ҷамоатҳои деҳотҳо вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода кардани заминҳо, гирифтани ду – се ҳосил аз як замин, ба кишт пурра фаро гирифтани заминҳои наздиҳавилигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, ба таври кофӣ барои ду сол захира кардани маҳсулот ва дигар масъалаҳои марбут супоришҳои мушаххас дод.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code