Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо карда, як силсила иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
25 май зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҷараёни бунёди як қатор иншооти ҷашниро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Аз ҷумла, роҳбари вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия шинос гардида, барои сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ супоришҳои мушаххас дод.
Бино бо саҳми соҳибкорон ва аъзову пайравони ҳизб бунёд гардида, аксари корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтааст. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот, барои кормандони кумиҷроия шароити муосири корӣ фароҳам хоҳад шуд.
Айни замон ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич дорои зиёда аз 9000 аъзо ва 98 ташкилоти ибтидоӣ буда, нақши онҳо дар корҳои ободониву созандагӣ басо назаррас мебошад.
Ҷараёни корҳои созандагиро дар тамоми ҷамоату деҳоти ноҳия, ҳатто дурдасттарин деҳаву маҳаллаҳо метавон эҳсос кард. Бо пуштибонӣ аз сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинон аҳлона дар ободонии маҳалли худ саҳм мегузоранд.
Дар Ҷамоати деҳоти Муҷун бо дастгирии сокинон сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 бо усули ҳашар идома дорад. Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои то 1000 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ин иқдом бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва талабот ба муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардида, намунаи равшани ҳамбастагии мардум мебошад. Сокинон маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъовардаи худро барои бунёди мактаб, ки фарзандону наберагонашон дар он таҳсил мекунанд, сарф намуда истодаанд.
Раиси вилоят зимни боздид аз рафти сохтмони мактаб, таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сокинонро дар ин раванди муҳим ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад ва сохтмон бояд зери назорати доимӣ бо сифати баланд анҷом дода шавад.
Дар деҳаи Қалъаи Дӯст, ки зиёда аз 6700 нафар аҳолӣ дорад, бо ташаббуси соҳибкорон бунёди Маркази нави саломатӣ ҷараён дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани он сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар маҳал ба таври назаррас беҳтар хоҳад шуд.
Раиси вилоят саҳми соҳибкоронро дар амалисозии чунин лоиҳаҳо шоиста арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин, дар ҳамин деҳа сохтмони коргоҳи пойафзолбарории ҶДММ “Раҳматулло” идома дошта, дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин дастрас гардидаанд. Пас аз ба фаъолият оғоз кардани коргоҳ то 50 нафар сокинон бо ҷои доимии корӣ таъмин мегарданд.
Бар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар деҳоти дурдасти ноҳия сохтмони муассисаҳои томактабӣ оғоз ёфтааст. Аз ҷумла, дар деҳаи Басманда бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохтмони кӯдакистон барои 200 кӯдак дар ҷараён аст.
Шарҳ нест