ЯТИМОН ВА НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶӮҲИ МАХСУСИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАНД

07.12.2024
print
Имрӯз, 6 декабри соли равон бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ба истиқболи Соли нави мелодӣ аз ҷониби Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ба як қатор кӯдакони ятим тӯҳфаҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки ба монанди сари либоси гарми зимистона, пойафзол ва шириниҳо супорида шуд.
Зимни мулоқот бо ятимон Раиси ноҳия иброз намуданд, ки наврасону ҷавонон бо шукргузорӣ аз давлати ободу осуда ва ғамхориҳои пайвастаи Роҳбарияти Давлат дониш омӯзанд, касб аз худ кунанд ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос баҳри ободии Ватан саҳмгузор бошанд.
-Ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд ҳар яки моро водор менамояд, ки мунтазам дастгиру ёвар ва кӯмакрасони чунин наврасон бошем,-иброз дошт Раиси ноҳия.
Бояд қайд намуд, ки дар ноҳия 12-нафар кӯдакони бо амри тақдир аз падару модар ятиммонда ба қайд гирифта шуда, ҳамеша мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар партави дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа худро ҳаргиз танҳо эҳсос накарда, бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ дар фазои орому осудаи кишвар дар муассисаҳои таълимӣ таҳти сарпарастии Пешвои раиятпарвари миллат таҳсили илм карда, барои соҳибкасб шудан ва бунёди зиндагии ободу осуда талош меварзанд.

 

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code