01 феврали соли 2016 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тағир додани номи як қатор шаҳру ноҳияҳо ва объектҳои ҷуғрофии мамлакат ба имзо расид, аз ҷумла ноҳияи Fончӣ ба ноҳияи Деваштич иваз шуд. Аз 3-юми феврали соли 2016, таҳти рақами 204 аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул шуд ва расман эълон гардид.
Ноҳияи Деваштич собиқ ноҳияи Fончӣ таърихи беш аз 2500-сола мебошад. Ноҳия 5-уми декабри соли 1929 дар Тоҷикистони Шӯравӣ ҳамчун худуди марзӣ ташкил ёфт. Тақсими худудии маъмурие, ки ҳоло вуҷуд аст, асосан аз охири солҳои 20-уми асри ХХ шакл гирифта, ташаккул ёфта омадааст. Таи солҳои 1924, 1929, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мухтори ба ҳайати РСС Ӯзбекистон доҳил мешуд. Ҳудуди ноҳияи Деваштич аз волостигариҳои ноҳияи Fончӣ, Басманда ва Далён иборат буда, он ба вилояти Уратеппа мутааллиқ ҳисоб меёфт. Солҳои 1929-1930 вилояти Уратеппа ба округи Уратеппа табдил ёфта, дере нагузашта бо Қарори махсуси Президиуми Кумитаи иҷроияи Марказии ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон аз 6 июли соли 1929 округи Уратеппа барҳам дода шуд. Пас аз ин дар ҳудуди пештараи он ноҳияҳои мустақил ба вуҷуд омаданд, аз ҷумла дар ҳудуди ҳозираи ноҳияи Деваштич соли 1929, 3 ноҳия ташкил ёфтанд: ноҳияҳои Далён бо маркази Далёни Боло, 3 шуроҳои қишлоқи Далёни Поён, Саримсолиқ, Обиборик, ноҳияи Басманда бо маркази Қаъаи Мирзобой шӯроҳои қишлоқҳои Басманда, Чорбоғ ва Расровутро дар бар мегирифтанд. Ноҳияи Ғончӣ бошад, маркази худро дар худи деҳаи Fончӣ қарор дода, он шӯроҳои қишлоқи Янгиариқ, Яхтанро муттаҳид менамуд. Ҳамаи се ноҳияҳои номбурда аз 88 деҳоти ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан дохил буда, таркиб ёфта буданд.
Дере нагузашта аз соли 1932 то соли 1944 ҳудуди он вақтаи ноҳияи Fончӣ ба ноҳияи Уротеппа дохил гадид, сонитар бошад, ҳудуди ноҳияи Далён ва ноҳияи Шаҳристон ҳамроҳ карда шуд. Ноҳияи Калининобод, ки миёнаи солҳои 30 ташкил ёфта буда, ҳудуди то он вақтаи ноҳияи Басманда ва як қисми ноҳияи Fончиро дар бар мегирифтанд, соли 1939 бо баробари ташкил ёфтани вилояти Ленинобод ҳамчун ноҳияи мустақил ба ин вилоят дохил гардид. Пас аз мустақилияти солҳои 1944-1948 ноҳияи Fончӣ дигар то соли 1958 ба ҳайати ноҳияи Уратеппа дохил мешуд.
Ниҳоят 30-юми сентябри соли 1963 бо Фармони Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ноҳияи Fончӣ (ҳозираи ноҳияи Деваштич) аз нав ташкил дода шуда, он ба ҳайати вилояти Ленинобод (ҳоло ноҳияи Суғд) доҳил гардид. Он вақт дар ноҳияи навташкили Fончӣ ҷамоатҳои деҳоти Овчӣ, Далён, Fончӣ, Fазантарак, Яхтан, Росровут, Калининобод амал мекардаанд, ки 57 деҳотро дар ҳайати худ муттаҳид намуда буданд.
Дар собиқ ноҳияи Fончии куҳанбунёд ҳунарҳои бодорӣ, кулолгарӣ ва бофандагӣ аз қадим ривоҷ ёфта аст. Ноҳияи Деваштич дар шимолу ғарби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми ҷанубу ғарбии вилояти Суғд воқеъ буда, аз шимол бо ноҳияи Спимамен, аз ҷанубу ғарб бо ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон, аз тарафи ғарб бо шаҳри Истаравшан ва аз тарафи шарқ бо ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенди Ҷумҳурии Қиризистон ҳаммарз мебошад. Масоҳати умумии ноҳия 1588,7 км2 буда мутаносибан 6,3 фоизи масоҳати вилояти Суғдро ташкил менамояд. Масофаи байни пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе аз маркази ноҳия – шаҳраки Fончӣ 280 км ва то маркази вилоят шаҳри Хуҷанд 70 км мебошад.
Дар ноҳия 1 амоати шаҳрак – ҷамоати шаҳраки Fончӣ, аз 7 амоатҳои деҳоти Яхтан, Fазантарак, Муҷун, Исмоили Сомонӣ, Росровут, Ваҳдат ва Далёни Боло ва 55 деҳаҳои аҳолишин иборат аст.
Шарҳ нест