РАИСИ НОҲИЯ СОБИҚАДОРОНИ СОҲАИ МАОРИФРО БО ИДИ КАСБИЯШОН ТАБРИК НАМУД

Тавре маълум аст, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр иди касбии омӯзгорон таҷлил карда мешавад. Дар робита Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода дар шаҳраки Ғончӣ чанде аз собиқадорони соҳаи маорифро аёдат кард. Раиси ноҳия аз ҷумла Маъруф Орипов – собиқ омӯзгори фанни математика, Гавҳар Саломова – собиқ омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, Муборак  Маърупова – собиқ омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, аёдат намуда, онҳоро бо иди касбиашон табрик гуфт. Таъкид карда шуд, ки нақш ва саҳми омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврасу ояндасоз ва дар руҳияи ватандустиву меҳнатдӯстӣ тарбия намудани онҳо назаррас аст. Ҷоннисориву азхудгузаштанҳои омӯзгорон аст, ки инсониятро ба сӯи ояндаи нек раҳнамоӣ месозад ва ҳамин  муаллимонанд, ки чароғи илму маърифатро фурӯзон нигоҳ медоранд. Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода иброз дошт, ки дар пайравӣ аз ташаббусҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, сифати таълиму тарбия ва таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин беҳбудии шароити моддиву маънавии муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ мекунад. Ҳамасола ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, ҳавасмандсозии омӯзгорони пешраву навовар, таъсиси ҷоизаҳои Раиси вилоят барои “Беҳтарин муассисаи таълимӣ” “Беҳтарин муассисаҳои таълимии томактабӣ”, роҳхати ройгони омӯзгорони пешқадам ба осоишгоҳ баёнгари дастгириҳои…

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ
Маориф , Хабарҳо / 05.10.2024

   Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон дар ҳафтаи авалли моҳи октябр – Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгорон дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин рӯзи муқаддас санаи 4 октябри соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳия бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгорон таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Зулфия Нурматова, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзу ҳуқуқ, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо  ва омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд. Раиси ноҳия муҳтрам Ашуралӣ Ҷалилзода дар баромади  худ, кулли омӯзгорон ва иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди касбии омӯзгорон самимона табрику муборакбод намуданд. – Таҷлили имсолаи Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгорон ба худ шукӯҳу шаҳомати хосаро доро буда, дар соли ҷашни таърихии давлату миллат – 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардида истодааст. Бояд қайд намуд, ки Рӯзи забон ва Иди касбии омӯзгорон ин ду калимаи муҳим  поягузори асолати миллӣ ва шоҳсутуни маърифату фарҳанги  халқи тоҷик  маҳсуб ёфта, бо ҳамдигар иртиботи зич доранд, зеро миллати тоҷик  бо фарҳанг  ва тамаддуни бисёрсолаи худ ифтихор  дорад ва ин ҳама арзишҳои  фарҳангӣ…

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН

Ҳамдиёрони азиз! Омӯзгорони арҷманд! Рӯзи забони давлатӣ ва иди касбии омӯзгорон поягузори асолати миллӣ ва шоҳсутуни маърифату фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб ёфта, ба ҳамдигар алоқаи зич дорад. Бояд қайд намуд, ки Рӯзи забон ва Иди касбии омӯзгорон ин ду калимаи муҳим  поягузори асолати миллӣ ва шоҳсутуни маърифату фарҳанги  халқи тоҷик  маҳсуб ёфта, бо ҳамдигар иртиботи зич доранд, зеро миллати тоҷик  бо фарҳанг  ва тамаддуни бисёрсолаи худ ифтихор  дорад ва ин ҳама арзишҳои  фарҳангӣ то замони мо маҳз тавассути забон ба ёдгор монда, ба воситаи забон шинохта шудаанд.  Чӣ хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  қайд намудаанд: “Забони адабии тоҷик дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят пурфоҷиаро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои бузург гузаштааст, заҳматҳои бедареғ, мероси гаронбаҳо ва корномаҳои беназири фарзандони фарзонааш дар шакли зебо бо захираҳои ғаниву рангин бароямон мерос мондааст. Забон бузургтарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишоне барои халқу миллат аст”.  Аз ин рӯ, маҳз забони тоҷикӣ аз  вуҷуд доштани миллати тоҷик дарак медиҳад ва ҳастии миллати тоҷикро   дар олам  бо номи Тоҷикистон  муаррифӣ менамояд, зеро бо ин забон санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва осори илимиву адабии халқҳои ҷаҳон тарҷума мешаванд, созишномаҳо ва қарордодҳои муҳими байналмилалӣ таҳия…

ГУСЕЛИ БОТАНТАНАИ НАВАСКАРОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ
Аксҳо , Хабарҳо / 02.10.2024

    1-уми октябри соли равон дар майдони “Боғи Парчами давлатӣ” шаҳраки Ғончӣ маросими ботантанаи гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими гусели наваскарон Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини Раиси ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва фаъолони ноҳия ширкат варзиданд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода  қайд намуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад. Ташкил ва таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқӯъ пайваст. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар дорад. Боиси ифтихормандӣ аст, ки имрӯз мамлакати мо тамоми марзи сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад. -Мову шумо хуб медонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон симои миллат ва бақои давлат аст. Тақдири амнияти Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба дасти шумо, фарзандони азиз, ки пас аз қабули савганди ҳарбӣ ин…

ДЕВАШТИЧ: ДАР ДЕҲАИ ОБИБОРИК БИНОИ БУНГОҲИ САЛОМАТӢ АЗ НАВ БАРҚАРОР ГАРДИД.

Санаи 25-уми сентябр дар деҳаи Обиборики Ҷамоати деҳоти Далёни Боло   маросими супоридани бинои аз нав барқароркардашуда   баргузор гардид. Он ба муносибати  истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷиистон бахшида шуда, бо иштироки  Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода  ба истифода дода шуд. Бунгоҳи саломатии деҳаи Обиборик аз ҳисоби шахсони саховатпешаю соҳибкорони маҳаллӣ  ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ мутобиқ ба талаботҳои замони муосир таъмиру таҷдид гардида, фаъолияти он  мушкилии сокинони деҳаро осон намуд. Бояд зикр намуд, ки барои бунёди бинои мазкур саҳми соҳибкорон, муҳочирони меҳнатӣ ва  бародарон  Маҳмудовҳо, Ҷумъаев Ҳалим, Яҳёев Яҳё, Охунов  Облоқул, Шокиров  Наимҷон хеле  назаррас буда,  дар идома  барои заҳмату меҳнатҳои шахсони номбурда аз ҷониби Раиси ноҳия сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич тақдим гардид. Дар ноҳияи Деваштич  даҳҳо  биноҳои  таъиноти  иҷтимоидошта бунёд  гардид, ки  он заминаи асосӣ барои пешрафти ноҳия мансуб буда, чунин ободкориҳо на танҳо барои рушди деҳаю ноҳия балки барои пешрафти кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

ДЕВАШТИЧ: ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ИДОМА ДОРАД…

Моҳи сентябри соли равон Раиси ноҳияи Деваштич муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода  дар деҳаи Қалъаи Дӯсти Ҷамоати деҳоти Ваҳдат аз ҷамъоварии ҳосили картошка  дидан намуданд. Кишоварзони деҳаи мазкур баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар ва фаровонии бозорҳои маҳаллӣ бо картошка ҳаматарафа кӯшиш намуда, бо истифода аз тухмиҳои босифат дар қитъаи замин кишти барвақтии картошкаро ба роҳ монда, ҳосили хуб ба даст оварданд. Зимни суҳбат Раиси ноҳия бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноки замин тавсияҳои судманд дод. Таъкид гардид, ки картошкаи дар ин деҳа истеҳсолшаванда дар мамлакат серхаридор буда, саҳми деҳқонони минтақа дар таъмини бозори дохилӣ бо картошка назаррас аст. Бояд таъкид кард, ки ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун соҳаи даромаднок дар ноҳияи Деваштич диқати махсус дода мешавад. Деваштич ноҳияи аграрӣ буда, иқлими он барои парвариши тамоми намуди зироатҳо мувофиқ аст. Деҳқонони заркори ноҳия дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои лалмӣ ва боир ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд.

ТАШРИФИ ВАЗИРИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Санаи 23 сентябри соли равон Вазири кишоварзии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Деваштич  ташриф овард. Вазири кишоварзиро раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва роҳбарону масъулони сохаи кишоварзӣ истиқбол гирифтанд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода бо ҳамроҳии Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода аз фаъолият ва ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда ба кишоварзон маслиҳату тавсияҳо дод.  То соҳаи кишоварзӣ рушд карда, барои таъмини бозорҳои дохилию хориҷӣ  ва истеҳсоли маҳсулотҳои босифат мусоидат намояд. Мақсад аз ташрифи Вазири кишоварзӣ  дидан намудан аз  маҳсулотҳои хоҷагии кишоварзӣ ва сӯҳбат намудан бо  кишоварзони ноҳия мебошад.

КОНФРЕНСИЯИ XXII-и ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИҶЛОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Дар толори Қасри фарҳанги ба номи Абуабдуллои Рӯдакии маркази ноҳия Конференсияи XXll  ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич, ки дар асоси Қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич аз 30 -юми майи соли 2024 даъват гардида буд, баргузор гардид. Дар кори Конференсия Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилиён Комрон Исмоилзода, мушовири  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзиданд. Ҳамзамон, дар Конференсияи мазкур вакилон аз  ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич тибқи меъёри муқарраргардида роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок доштанд. Кори Конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Маъмурзода Равшаной  ифтитоҳ намуда, сипас ҳайати кории раёсати Конференсияро муаррифӣ намуд. Тибқи рӯзномаи Конференсияи XXll-и  ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич баррасии масъалаҳои зерин ба миён гузошта шуданд: 1. Ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда”; 2. Ҳисоботи раиси Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич  дар давраи ҳисоботӣ; 3. Интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич; 4. Интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич; 5. Интихоби…

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД !

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия                 – 1 ҷой   Талаботи тахассусӣ барои мансабҳои мутахассиси пешбар:      – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;      – 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ (барои мақомоти марказии ҳокиияти давлатӣ);        – одобу ахлоқи шоиста, ҳиси балалнди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;        – донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;        – малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;      – малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ. Маоши манабӣ 1485 сомонӣ, қабулшавӣ ба хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.     Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия – 1ҷой   Талаботи тахассусӣ барои мансабҳои сармутахассис:           – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ,  ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;           – 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ  ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ);           – 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ  ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);          – донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти…

КУРСИ ОМӮЗИШӢ: ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ РАИСИ НОҲИЯ ДАРС ГИРИФТАНД
Аксҳо , Хабарҳо / 19.09.2024

   18 сентябр дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат!” баргузор гардид.  Дар он  Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, муовини раиси ноҳия Ганҷина Нуруллозода, кормандони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва масъулону кормандони шуъбаҳои дахлдори мақомот иштирок  намуда, ҷавонони  фаъолу лаёқатманд низ  ҷалб гардиданд. “Саҳми Пешвои миллат дар рушду нумӯи Тоҷикистон” ин мавзӯи нахустини курси омузишӣ буд, ки раиси ноҳия онро  баррасӣ намуда, аз кору фаъолият ва хизматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҳарф заданд. То ҷавонон  аз таъриху ниёгони хеш огоҳ шуда, ба қадри тинҷиву озодӣ ва истиқлоли миллат бирасанд. Курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” дар асоси барқияи  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳия  ташкил гардида,  барои  баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва дар ин замина  тарғиби арзишҳои миллӣ  равона гардидааст.   Давомнокии курси мазкур  се моҳ буда,   23 мавзӯи дигар  аз ҷони масъулону роҳбарон баррасӣ хоҳад шуд.  Мақсад аз ташкили курси омӯзишӣ омода намудани кадрҳои ҷавон ба хизмати давлатӣ  мебошад.  То  мушкилоти нарасидани кадрҳои ҷавон   бартараф карда шавад. Бояд қайд намуд, ки дар ҷамъбасти  курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат”   маросими супоридани шаҳодатнома  ба таври тантанавӣ доир гардида,  хатмкунандагони курси мазкур соҳиби…