ДЕВАШТИЧ: ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ИДОМА ДОРАД…

Моҳи сентябри соли равон Раиси ноҳияи Деваштич муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода  дар деҳаи Қалъаи Дӯсти Ҷамоати деҳоти Ваҳдат аз ҷамъоварии ҳосили картошка  дидан намуданд. Кишоварзони деҳаи мазкур баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар ва фаровонии бозорҳои маҳаллӣ бо картошка ҳаматарафа кӯшиш намуда, бо истифода аз тухмиҳои босифат дар қитъаи замин кишти барвақтии картошкаро ба роҳ монда, ҳосили хуб ба даст оварданд. Зимни суҳбат Раиси ноҳия бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноки замин тавсияҳои судманд дод. Таъкид гардид, ки картошкаи дар ин деҳа истеҳсолшаванда дар мамлакат серхаридор буда, саҳми деҳқонони минтақа дар таъмини бозори дохилӣ бо картошка назаррас аст. Бояд таъкид кард, ки ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун соҳаи даромаднок дар ноҳияи Деваштич диқати махсус дода мешавад. Деваштич ноҳияи аграрӣ буда, иқлими он барои парвариши тамоми намуди зироатҳо мувофиқ аст. Деҳқонони заркори ноҳия дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои лалмӣ ва боир ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд.

ТАШРИФИ ВАЗИРИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Санаи 23 сентябри соли равон Вазири кишоварзии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Деваштич  ташриф овард. Вазири кишоварзиро раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва роҳбарону масъулони сохаи кишоварзӣ истиқбол гирифтанд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода бо ҳамроҳии Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода аз фаъолият ва ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда ба кишоварзон маслиҳату тавсияҳо дод.  То соҳаи кишоварзӣ рушд карда, барои таъмини бозорҳои дохилию хориҷӣ  ва истеҳсоли маҳсулотҳои босифат мусоидат намояд. Мақсад аз ташрифи Вазири кишоварзӣ  дидан намудан аз  маҳсулотҳои хоҷагии кишоварзӣ ва сӯҳбат намудан бо  кишоварзони ноҳия мебошад.

КОНФРЕНСИЯИ XXII-и ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИҶЛОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Дар толори Қасри фарҳанги ба номи Абуабдуллои Рӯдакии маркази ноҳия Конференсияи XXll  ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич, ки дар асоси Қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич аз 30 -юми майи соли 2024 даъват гардида буд, баргузор гардид. Дар кори Конференсия Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилиён Комрон Исмоилзода, мушовири  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзиданд. Ҳамзамон, дар Конференсияи мазкур вакилон аз  ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич тибқи меъёри муқарраргардида роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок доштанд. Кори Конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Маъмурзода Равшаной  ифтитоҳ намуда, сипас ҳайати кории раёсати Конференсияро муаррифӣ намуд. Тибқи рӯзномаи Конференсияи XXll-и  ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич баррасии масъалаҳои зерин ба миён гузошта шуданд: 1. Ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда”; 2. Ҳисоботи раиси Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич  дар давраи ҳисоботӣ; 3. Интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич; 4. Интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич; 5. Интихоби…