ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ИҶЛОСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТИИ БИСТУ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ, ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ГАРДИД

12 декабри соли 2024 бо садо додани Суруди миллӣ таҳти раёсати Раиси ноҳияи Деваштич, Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода Иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум баргузор гардид. Дар кори иҷлосияи мазкур муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои хифзи ҳуқуқ, мудирони шӯъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иштирок намуданд. Раиси ноҳияи Деваштич, Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода дар оғоз иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, №882 рӯзи 2 марти соли 2025 интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад. Бо назардошти ин, зарур аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои татбиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” тадбирҳои мушаххас андешад. Дар ин бора қарори Раиси ноҳия ба тавсиб расидааст ва он ироа карда шуд. Вобаста ба ин, бо қарорҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати ҳафтум иборат аз 9 нафар таъсис ёфта, барои гузаронидани…

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ МОЛИЯ ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Ҳамасола санаи 7-уми декабр Рўзи кормандони мақомоти молия таҷлил карда мешавад, ба ин муносибат санаи 6 декабр бо ишироки Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомад баргузор гардид. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода кулли кормандони раёсати Вазорати молия дар ноҳия ва собиқадорони соҳаро бо фарорасии иди касбӣ – Рўзи кормандони мақомоти молия табрику таҳният гуфта, барояшон тани баофият, хотири ҷамъ ва дар иҷрои вазифаи пурмўҳтаво ва бомасъулият комёбиҳо таманно намуд. Таъкид гардид, ки пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷроиши буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтии тадбирҳое, ки бо маблағгузории давлатӣ дар буҷет пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин назорати фаъолияти штатию молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайра аз вазифаҳои аввалиндараҷаи молиячиён маҳсуб мешаванд. -Саҳми кормандони Раёсати вазорати молия дар ноҳияи Деваштич дар татбиқи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷроиши буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, дар сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молияи давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия хеле назаррас мебошад,- иброз дошт Раиси ноҳия Зикр гардид, ки кормандони Раёсати Вазорати…

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ МОЛИЯ

Муҳтарам кормандон ва собиқадорони соҳаи молия! Ҳамасола бо ҳидояту раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 7-уми декабр Рӯзи кормандони мақомоти молия таҷлил карда мешавад, ки он аз таваҷҷуҳу эътибори роҳбарияти олии мамлакат ба фаъолияти кормандони ин ҷабҳаи барои хоҷагии халқ зарурӣ шаҳодат медиҳад. Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо бо иди касбӣ – Рўзи кормандони мақомоти молия табрику муборакбод намуда, барояшон саодати бегазанд, тансиҳатӣ ва комёбӣ дар иҷрои вазифаи хизматӣ таманно дорам. Рушду такомули низоми молиявӣ аз сиёсати меҳварии давлату Ҳукумати кишвар маҳсуб ёфта, ғанӣ гардонидани буҷаи давлат, истифодаи мақсаднок ва босифати маблағҳои буҷавӣ баҳри муваффақона ноил шудан ба ҳадафи асосии давлат – таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат вобастагии калидӣ дорад. Ботадриҷ ва пайваста баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақа, дастгирии маъюбону ниёзмандон, торафт паст гардидани сатҳи камбизоатӣ нишонаи бомуваффақият амалӣ гардидани сиёсати молиявии давлат мебошад. Аз таваҷҷуҳу эътибори ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти босамари кормандони соҳа аст, ки сол аз сол иди касбии кормандони мақомоти молия дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Нақши кормандони мақомоти молия дар пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва муътадилии он, ки пояи асосии устувории…

ЯТИМОН ВА НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶӮҲИ МАХСУСИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАНД

Имрӯз, 6 декабри соли равон бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ба истиқболи Соли нави мелодӣ аз ҷониби Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ба як қатор кӯдакони ятим тӯҳфаҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки ба монанди сари либоси гарми зимистона, пойафзол ва шириниҳо супорида шуд. Зимни мулоқот бо ятимон Раиси ноҳия иброз намуданд, ки наврасону ҷавонон бо шукргузорӣ аз давлати ободу осуда ва ғамхориҳои пайвастаи Роҳбарияти Давлат дониш омӯзанд, касб аз худ кунанд ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос баҳри ободии Ватан саҳмгузор бошанд. -Ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд ҳар яки моро водор менамояд, ки мунтазам дастгиру ёвар ва кӯмакрасони чунин наврасон бошем,-иброз дошт Раиси ноҳия. Бояд қайд намуд, ки дар ноҳия 12-нафар кӯдакони бо амри тақдир аз падару модар ятиммонда ба қайд гирифта шуда, ҳамеша мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар…

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

5 декабри соли 2024 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, Роҳбари дастгоҳи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фаррух Зоҳидов бо фарогирии 300 нафар собиқадорони ҳизбу меҳнат, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи маҳаллӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, гирандагони стипендияи Президентӣ, ғолибони озмунҳову мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва дигар фаъолони ҲХДТ баргузор гардид. Пас аз қироати Суруди миллӣ, раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода сухани табрикотӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои сернуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб ёфта, нимаи аввали соли 1993 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идеяи ташкил намудани он бо номи Ҳизби Халқии Тоҷикистон ба миён омад. 10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисон дар бораи ташкилёбии ҳизб қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ намуд.25 июни соли 1997 Анҷумани 3-юм номи Ҳизби Халқии Тоҷикистонро ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дод. Дар воқеъ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси…

ТАШРИФИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН СУЛАЙМОН ЗИЁЗОДА БА НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

5 декабри соли ҷорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич ташриф овард. Зимни ташриф бо масъулини соҳаи кишоварзӣ, идораҳои замин, хоҷагии об, нигоҳдории роҳҳо, хоҷагии ҷангал, бахши ҳифзи муҳити зист, раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар шахсони дахлдор мулоқот карда, суҳбати сарироҳӣ анҷом дод. Аз ҷумла, вобаста ба тақвияти шудгори заминҳо, шинонидани ниҳолҳои сояафкану ороишии шафати шоҳроҳҳо ва талу теппаҳои бекорхобида, барқарорсозии мавзеҳои алоҳидаи ҷангалзорҳо, мондани яхоб дар заминҳои боғу токзорҳо ва дигар масъалаҳои марбутаи соҳаи кишоварзӣ маслиҳатҳо дода, дар назди ҳозирин вазифагузорӣ намуд. Зимни мулоқот муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия ва раисони ҷамоатҳои деҳотҳо вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода кардани заминҳо, гирифтани ду – се ҳосил аз як замин, ба кишт пурра фаро гирифтани заминҳои наздиҳавилигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, ба таври кофӣ барои ду сол захира кардани маҳсулот ва дигар масъалаҳои марбут супоришҳои мушаххас дод.

ШИНОСОИИ РАИСИ НОҲИЯ БО КАШИДАНИ ХАТТИ ОБИ ПОЛЕЗӢ

Дар асоси дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд намудани кишти картошка дар деҳаи Офтобрӯи Ҷамоати деҳоти Росровут кашидани хатти оби полезӣ бо маром идома дорад. Зимни шиносоӣ ба Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода иттилоъ дода шуд, ки аз сойи Даҳкатсой то деҳаи Офтобрӯ ба масофаи 5 километр қубурҳои обгузар гузаронида мешавад. Раиси ноҳия дар суҳбат бо сокинони деҳаи Офтобрӯ барои истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани кишти картошка ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ маслиҳатҳо доданд. Сокинон деҳаи Офтобрӯ аз иқдоми неки роҳбарият ва беҳтар намудани дастрасии кишоварзони минтақа ба оби полезӣ хело хушҳол гардида, азму иродаи қавии худро барои баланд бардоштани ҳосилнокии кишти картошка баён намуданд.​    

ШАҒАЛПӮШКУНИИ РОҲ – АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ

Дирӯз 4 декабр Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода аз рафти корҳои шағалпӯшкунии роҳи маҳаллии деҳаи Росровут боздид ба амал овард. Зимни боздид ба Раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз зиёда аз 6 километр роҳҳои маҳаллӣ шағалпӯш карда шуда, сокинон ният доранд, ки соли оянда ин роҳҳоро пурра мумфарш намоянд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ба ташкилкунандагони ин иқдом шахсан изҳори миннатдорӣ намуд. Бояд қайд намуд, ки ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар доираи нақша- чорабиниҳо баҳри омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст. Мавриди зикр аст, ки иқдоми мазкур бо саҳми сокинони деҳа аз ҳисоби соҳибкорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ амалӣ гашта истодааст. Хушбахтона ин гуна иқдомҳо дар саросари ноҳия ба анъанаи нек табдил ёфта истодааст. Раиси ноҳия зимни суҳбат бо сокинон иқдому ташаббусҳои сокинони ноҳияро дар самти шағалпушкунӣ ва мумфаршкунии роҳҳо ва ободу зебо гардонидани маҳҳали зисти худ намунаи ибрат арзёбӣ карда, барои иҷрои корҳои хайру савоб изҳори сипос баён намуданд. Сокинони деҳаи Росровут изҳор доштанд, ки барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар ободии маҳал саҳм хоҳанд гузошт.

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БА НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

3 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Деваштич сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни бунёдкориҳо шинос гардид. Дар ноҳияи Деваштич бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ идома дошта, сокинони меҳнатқарини ноҳия дар иҷрои корҳои ободонӣ саҳми назаррас мегузоранд. Аснои боздиди Раиси вилоят аз Ҷамоати деҳоти Ваҳдат иттилоъ дода шуд, ки сокинони деҳаҳои Қалъаи дӯст ва Басманда аҳлона меҳнат намуда, дар бунёди иншооти гуногун саҳм гузошта, роҳҳои дохилиро мумфарш намудаанд. Дар ноҳия соли равон бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳмгузории сокинону соҳибкорон беш аз 46 километр роҳҳо таъмиру мумфарш гардидааст ва ин иқдом дар соли оянда низ амалӣ карда хоҳад шуд. Раиси вилоят ба ташаббусҳои сокинон баҳои баланд дода, барои амалисозии чунин иқдомҳо, аз ҷумла бунёди марказҳои хизматрасонӣ, мумфаршкунии роҳҳо, бунёди дарвозаи рамзии деҳаи Басманда дар оянда низ тавсияҳо дод.  Раиси вилоят ҳамзамон дар деҳаҳои Қалъаи дӯст ва Басманда бо сохтмони маркази саломатӣ ва кӯдакистон шинос шуда, барои вусъатбахшии корҳои ободонӣ ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод. Дар ноҳияи Деваштич, ки аз минтақаҳои картошкапарвар маҳсуб меёбад, соли равон 261 ҳазор тонна картошка истеҳсол гардидааст. Зимни боздид аз захираи картошка дар анбори хоҷагии деҳқонии «Аҳмадбой» маълумот дода шуд, ки танҳо дар…