ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ КИШТИ КАРТОШКА ИДОМА ДОРАД

28 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафар ба ноҳияи Деваштич бо рафти кишти картошка шинос гардид. Дар ноҳияи Деваштич, ки яке аз минтақаҳои асосии картошкапарвари мамлакат ба шумор меравад, сол ба сол майдони кишти картошка зиёд карда мешавад. Имсол дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия 9 ҳазор гектар картошка кишт хоҳад шуд, ки нисбат ба соли гузашта 800 гектар бештар аст. Таъмини заминҳо бо оби полезӣ аз масъалаҳои муҳим буда, дар деҳаи Басманда 12 километр хатти оби полезӣ бунёд шуда, 500 гектар замини қаблан аз об маҳрум шодоб мегардад. Чунин тадбирҳо имкон медиҳад, ки масоҳати кишти зироатҳо зиёд гардад. Аснои шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон ва суҳбат бо сокинони деҳа Раиси вилоят ин иқдомро самараи сиёсати оқилона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карда, зикр намуд, ки обёрии заминҳо барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли картошка мусоидат хоҳад кард. Картошка, ки онро “нони дуюм” меноманд, дар сабади истеъмолии аҳолӣ мақоми хос дошта, аҳамияти хӯроквории он бештар мегардад. Обу ҳавои мусоиди деҳаи Басманда барои парвариши картошка мусоид буда, обёрии заминҳои ташналаб боз ҳам имконияти афзоиши истеҳсолро фароҳам месозанд. Тибқи ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ояндаи наздик ҳаҷми истеҳсоли картошка дар ноҳияи Деваштич бояд ба 500 ҳазор тонна…

РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО ҶАРАЁНИ БУНЁДКОРИҲО ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ШИНОС ГАРДИД

28 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Деваштич сафар карда, бо ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос гардид. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бунёд, таъмир ва навсозии 583 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 438 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудааст. Тибқи иттилои масъулон корҳои сохтмонӣ дар иншооти боқимонда бо маром идома дорад. Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахуст корҳои сохтмонии бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои ба охир расонидани корҳо супоришҳо дод. Чуноне иттилоъ дода шуд бино бо саҳми соҳибкорон ва аъзову пайравони ҳизб сохта шуда, қисми зиёди корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтааст ва бо ба истифода додани он барои кормандони кумиҷроия шароити арзандаи корӣ фароҳам хоҳад шуд. Раиси вилоят аз маркази ноҳия ба деҳаи Қалъаи Дӯст омада, бо сокинон сӯҳбатҳо анҷом дод. Тазаккур дода шуд, ки сокинони ноҳияи Деваштич дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободонии диёри худ саҳми арзанда мегузоранд. Бунёди бинои нави Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯст дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат яке аз намунаҳои чунин корҳои бунёдкорӣ мебошад. Раиси вилоят зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ саҳми соҳибкоронро…