Дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин ва ба даст овардани ду ё се ҳосил аз як замин таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли картошка яке аз ҳадафҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳамасола майдони кишт ва ҳосилнокии он рӯ ба афзоиш дорад. Ноҳияи Деваштич, ки аз минтақаҳои асосии картошкапарварии вилоят ва ҷумҳурӣ ба шумор меравад, дар самти кишт ва истеҳсоли ин маҳсулоти муҳими ғизоӣ пешсаф аст. 25 май Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз раванди корҳои саҳроӣ дар ин ноҳия нашъунамои картошкаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия кишти картошка дар майдони 9 ҳазор гектар ба роҳ монда мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 800 гектар бештар мебошад. Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти заминҳо бо оби полезӣ, дар деҳаи Басманда 12 километр хатти об кашида шуда, 500 гектар замини қаблан беоб обёрӣ мегардад. Ин иқдом ба зиёд шудани майдони кишти зироатҳо мусоидат мекунад. Раиси вилоят зимни мулоқот бо кишоварзон ва сокинони маҳаллӣ чунин амалҳоро натиҷаи сиёсати оқилона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки обёрии заминҳо на танҳо барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсол, балки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат мекунад. Обу…
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо карда, як силсила иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода мешаванд. 25 май зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҷараёни бунёди як қатор иншооти ҷашниро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Аз ҷумла, роҳбари вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия шинос гардида, барои сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ супоришҳои мушаххас дод. Бино бо саҳми соҳибкорон ва аъзову пайравони ҳизб бунёд гардида, аксари корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтааст. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот, барои кормандони кумиҷроия шароити муосири корӣ фароҳам хоҳад шуд. Айни замон ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич дорои зиёда аз 9000 аъзо ва 98 ташкилоти ибтидоӣ буда, нақши онҳо дар корҳои ободониву созандагӣ басо назаррас мебошад. Ҷараёни корҳои созандагиро дар тамоми ҷамоату деҳоти ноҳия, ҳатто дурдасттарин деҳаву маҳаллаҳо метавон эҳсос кард. Бо пуштибонӣ аз сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинон аҳлона дар ободонии маҳалли худ саҳм мегузоранд. Дар Ҷамоати деҳоти Муҷун бо дастгирии сокинон сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 бо усули ҳашар идома дорад. Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат…