5 ИЮН – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Хабарҳо / 05.06.2025

5 июни соли 2025 бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист муовини якуми раиси ноҳия Умар Маҳмадёрзода кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияро аз номи Раиси ноҳияи муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода бо иди касбияшон табрику муборкбод намуда дар фаъолияташон пирӯзиву муваффақият ва зиндагии шоиставу пурнишот орзу намуд.       Таъкид гардид, ки таъмини амнияти экологии ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии муҳити зист воситаи беҳтарини ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли башар ба масоили экологӣ мебошад.   Боиси таъкид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва узви конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои экологӣ ба муаммоҳои ҳифзу ҳимояи муҳити зист таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Бахусус, дар даврони истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мушаххаси марбут ба масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрӯву нуфузи баландро соҳиб шудааст.   Муовини якуми Раис ноҳия зимни сухарони худ иброз дошт, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат оид ба эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» баёнгари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар…

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲИТИ ЗИСТ  

  Ҳамасола санаи 5 июн дар кишвари мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол ва кулли кишварҳои олам Рӯзи байналмилалии муҳити зист ботантана таҷлил гардида, ба масъалаҳои соҳаи ҳифзи табиат, аз ҷумла поку беолоиш нигоҳ доштани муҳит, ҳифзу ҳимоя намудани сарватҳои табиӣ ва дар маҷмуъ, таъмини амнияти экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.   Боиси таъкид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои экологӣ пазируфта шуда, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо пешниҳодҳои мушаххас вобаста ба ҳалли масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрӯву нуфузи баландро соҳиб гардидааст. Махсусан, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфтани ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баёнгари таваҷҷуҳ ба масъалаҳои муҳими умумибашарӣ дар ҳалли муаммоҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.   Қайд кардан бамаврид аст, ки дар замони имрӯза афзоиш ёфтани шумораи аҳолии сайёраи Замин ва зиёд гардидани талабот ба маводи ғизоӣ инсониятро водор месозад, ки ба масъалаи оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ, аз ҷумла об, хок ва олами наботот аҳамияти бештар зоҳир намояд. Аз тарафи дигар, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аз муҳимтарин роҳҳои таъмини зиндагии шоистаи инсон буда, боло рафтани маърифати…