






Таъкид гардид, ки таъмини амнияти экологии ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии муҳити зист воситаи беҳтарини ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли башар ба масоили экологӣ мебошад.
Боиси таъкид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва узви конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои экологӣ ба муаммоҳои ҳифзу ҳимояи муҳити зист таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Бахусус, дар даврони истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мушаххаси марбут ба масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрӯву нуфузи баландро соҳиб шудааст.
Муовини якуми Раис ноҳия зимни сухарони худ иброз дошт, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат оид ба эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» баёнгари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар ба ҳалли муаммоҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Тавассути Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани қатънома вобаста ба ҳалли масоили обу иқлим ташаббуси саривақтӣ ва таърихӣ буда, ба ин васила ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи манбаъҳои бузургтарини оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад. Зеро пиряхҳо ҳамчун муҳимтарин сарчашмаи тавлидкунандаи об барои табиат ва ҳаёту фаъолияти одамон аҳмияти калон дошта, манбаи асосии захираҳои обӣ мебошанд.
Сипас барои ноил шудан ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист, мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ ва ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳити зист ба як қатор кормандони муҳити зист сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим гардид.
Шарҳ нест