Ҳамдиёрони азиз!
Боиси сарфарозист, ки ҳамасола яке аз суннатҳои волою арзишманди мусулмонон ҷашни мубораки Иди Қурбон дар саросари кишвари азизамон таҷлил карда мешавад. Мардум бо арҷгузории Иди шарифи Қурбон аз даргоҳи илоҳӣ руҳи гузаштагони худро бо дуову дуруд ёд мекунанд.
Бояд қайд намуд, ки дар ин рўз талқини арзишҳои инсондўстиву инсонпарварӣ, дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, аёдати хешу ақрабо, поси хотири гузаштагон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру саховат ба дармондагону эҳтиёҷмандон амалӣ мегардад, ки аз сифатҳои беҳтарини инсонӣ мебошад.
Ин ҳама ба таҳкими меҳру муҳаббат ва рафоқат дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа боис мегарданд.
Таҷлили Иди Қурбон барои мусулмонон рўзи имтиҳону озмоиш буда, инсон саҳифаҳои сарнавишти худро варақгардон мекунад, аъмоли хешро дар мизони адлу инсоф бармекашад ва муҳимтар аз ҳама арзишҳои баланди мактаби одамият ва ғояҳои олии фарҳанги умумиинсониро ба мардум таблиғу ташвиқ менамояд.
Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, мутаассифона дар баъзе кишварҳо дини мубини исломро сарчашмаи ҳар гуна хушунату зўровариҳо меҳисобанд.
Аз ин рў, вазъи ҳассоси ҷаҳони имрўза моро водор месозад, ки зиракии сиёсӣ, нангу номуси миллӣ, ҳисси баланди ватандўстиву ватанпарастӣ, худшиносию ҷаҳоншиносӣ ва ифтихори миллии худро аз даст надиҳем.
Дар баробари ин нагузорем, ки ғояҳои зўроварӣ, ақидаҳои ифротӣ, ҷудоиандозию нифоқангезӣ дар кадом шакле набошад, зиндагии ором ва босуботи мардуми моро халалдор созад.
Арзишҳои маънавии Иди мубораки Қурбон, сабақҳои парҳезгорӣ аз худнамоӣ ва худпарастӣ, риёкорӣ ва зоҳирпарастӣ, кинаварзӣ ба хотири ҳидояти солимии ҷомеа, хосатан насли ҷавон омили муҳими эҳёи суннатҳои инсондўстӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Боиси қайд аст, ки дар ин айёми муборак 83 нафар сокинони ноҳияро муяссар гардидааст, ки Хонаи Худоро зиёрат намоянд.
Ин айёми фараҳбахшро ба кулли сокинони ноҳия муборакбод гуфта, ба аҳли мардуми меҳнатдўсти ноҳия дар соли авҷи корҳои бунёдкорию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саломатӣ, бахту саодат, барори кор ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Шарҳ нест