САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ДЕҲАИ БАСМАНДА ХАТТИ ОБИ ПОЛЕЗИРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД ВА БО ЛОИҲАИ ЗАМИНҲОИ КИШТИ КАРТОШКАИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ, КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ВА ШАҲРИСТОН ШИНОС ШУДАНД

12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич хатти оби полезиро бо се чоҳи амудӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Хатти оби полезӣ аз мавзеи Басманда аз масофаи беш аз 9 километр тавассути қубури қутраш 400 миллиметра оварда шудааст. Ба ин восита масоҳати заминҳои обии саҳмдорони хоҷагии деҳқонии Ҳотам Қурбонов аз 375 гектар ба 800 гектар расид. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин иқдом бо мақсади истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳо аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гардид. Ин раванд ба шодоб намудани заминҳои лалмӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани қитъаҳои нав ва афзун намудани кишти картошка мусоидати фаъол хоҳад кард. Бо обёрии 500 гектар замини нави картошка дар ноҳияи Деваштич 1000 кас соҳиби кор шудааст. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа супориш доданд, ки бо истифода аз тамоми имконоти мавҷудаи кишвар истеҳсоли картошка дар ноҳияи Деваштич то соли 2030 ба 500 ҳазор тонна ва то соли 2050 ба 1 миллион тонна расонида шавад. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои рушду пешрафти соҳаи картошкапарварӣ бо иштироки олимони соҳа дар хоҷагиҳои картошкапарварии ноҳияи Деваштич семинар- машварати ҷумҳуриявӣ баргузор карда шавад. Кишоварзони ноҳияи Деваштич бо роҳи…

ИФТИТОҲИ ФОСИЛАВИИ 5 КӮДАКИСТОН, МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ, ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ВА БИНОИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд. Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Дар кӯдакистон шароити мусоиди таълим барои омӯзиш, машғулият ва бозиҳои гуногуни амаливу зеҳнии  кӯдакон фароҳам оварда шудааст. Дар 5 кӯдакистон ва муассисаи таълимии томактабӣ дар деҳаҳои Ҳазорчашма, Нуробод, Росровут, Чӯянгарон ва Басманда дар маҷмуъ зиёда аз 400 кӯдак ба машғулиятҳои шавқовару зеҳнӣ фаро гирифта шуда, ҳамзамон дар онҳо беш аз 100 мураббӣ бо кори доимӣ таъмин гардид. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Деваштич зиёда аз 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият намуда, дар ташаккули зеҳнии кӯдакон ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд. Дар ҳамин ҷо бинои сеошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич, ки барои 1000 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст, ифтитоҳ гардид. Он бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, аз 18 синфхонаи муосири таълимӣ бо дастгоҳу лавозимоти хониш иборат мебошад. Майдончаи варзишӣ ва таълимгоҳ барои гузаронидани дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ аз имкониятҳои дигари…

ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ №6 ДАР ДЕҲАИ БАСМАНДАИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ноҳияи Деваштич дар деҳаи Басманда муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро, ки Фотима ва Зуҳро номгузорӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои кӯдакистони Фотима ва Зуҳро дар ноҳияи Деваштич, ки аз 2 ошёна иборат аст, соли 2021 оғоз гардида, бо тарҳи замонавӣ бунёд шудааст. Муассисаи томактабӣ дар 4 гурӯҳ 120 кӯдакро ба тарбия фаро мегирад. Дар ин иншооти соҳаи маориф наздики 30 омӯзгор бо ҷойи кор таъмин гардид. Бо мақсади дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин кардани бино, кӯдакистон дорои шабакаи худии гармидиҳӣ мебошад . Барои ин дар ин ҷо дегхона ва ҳавзи нигаҳдории об низ бунёд ёфтааст. Дар ҳудуди муассиса 2 майдончаи бозӣ барои кӯдакон мавҷуд буда, ҳудуди он сабзкорӣ ва пурра чароғон шудааст. Муассисаи томактабӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба муносибати таҷлили бошукӯҳи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша бо тарҳи замонавӣ таъмиру навсозӣ гардидааст. Баъди шиносоӣ бо иншооти тозабунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ тарбия намудани хурдсолон, ки дар ин раванд зинаи аввали…

ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ ДӮЗАНДАГӢ ВА ҚОЛИНБОФИИ ЁСУМАН ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

12 июл сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бо ифтитоҳи Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии Ёсуман идома ёфт. Коргоҳи мазкур дар деҳаи Басмандаи деҳоти Ваҳдат ҷойгир буда, дар майдони 420 метри мураббаъ қомат афрохта, барои 40 ҳунарманд ҷойи корӣ фароҳам сохт. Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Имомиддин Ғафуров бунёд ёфтааст. Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии Ёсуман асосан барои дӯхтани либосҳои мактабӣ пешбинӣ гардида, дар асоси дархости мизоҷон либосҳои занона, мардона, варзишӣ ва ғайра омода месозад. Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ боиси хушҳолии занон ва ҷавондухтарони соҳибҳунари деҳаи Басманда гардид, ки то ин вақт дар хонаҳои худ ба чеварӣ машғул буданд. Дар коргоҳ 10 адад таҷҳизоту дастгоҳи қолинбофӣ насбу васл карда шудааст. Дар ин гӯшаи коргоҳ аз ин ба баъд занони қолинбофи ноҳияи Деваштич фаъолият намуда, ин ҳунари қадимиро рушд хоҳанд дод. Коргоҳ дар заминаи таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои суннатии мардумӣ, аз ҷумла қолинбофии дастӣ ва дар доираи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ” бунёд ёфтааст. Таъсиси коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофӣ ба рушди ин ҳунарҳо ва бо кор таъмин намудани занону духтарони деҳа ва соҳиби даромад шудани онҳо замина фароҳам месозад. Ашёи хом барои қолинбофиро…

ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ ПОЙАФЗОЛ ВА МАВОДИ ШУСТУШӮӢ ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қалъаи Дӯсти деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии Раҳматуллоро ифтитоҳ намуданд. Иқтидори коргоҳ дар як моҳ истеҳсоли 5 ҳазору 200 пойафзол мебошад ва дар он пойафзоли кӯдакона, занона ва мардона истеҳсол мегардад. Коргоҳи нави истеҳсолӣ дар доираи иқдомҳои рушди саноат ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳматулло Нуруллоев сохта шудааст. Маҷмӯи дастгоҳҳои пойафзолдӯзии коргоҳ, аз ҷумла дастгоҳҳои дӯзандагӣ, қолабгирӣ, бурандагӣ ва суфтакунӣ аз хориҷи кишвар ворид ва насб гардидааст. Дар бунёди бинои коргоҳ ва муҷаҳҳазгардонии он бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир зиёда аз 3 миллион сомонӣ харҷ гардидааст. Дар коргоҳ ду хатти истеҳсолӣ фаъол карда шудааст. Дар қисми асосии он истеҳсоли пойафзол сурат мегирад. Қисмати  бештари ашёи хоми коргоҳ, аз ҷумла чарм ва ришта маҳсулоти ватанӣ аст. Корҳои лоиҳакашии Коргоҳи истеҳсоли пойафзол ва маводи шустушӯӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии Лоиҳакаш дар ноҳияи Деваштич аз моҳи марти соли 2025 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ба анҷом расонида шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои иқтидори нави саноатӣ, масъулонро вазифадор намуданд, ки коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватаниро ба роҳ монда, ба ин васила дар таъмини некӯаҳволии мардум…