Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода рӯзи гузашта ба муносибати Рӯзи омӯзгорон чанде аз собиқадорони соҳаи маорифро аёдат кард. Роҳбари ноҳия аз ҷумла Яҳёев Ҳамидулло ва Раҳимова Зоҳираро хабар гирифта, онҳоро бо иди касбиашон табрик намуда, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Тазаккур дода шуд, ки ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар саросари кишвар Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад ва заҳмати машъалафрӯзони роҳи фардои миллат аз ҷониби давлат ҳамеша қадр карда мешавад. Зимни сӯҳбатҳои самимӣ бо омӯзгорон Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳиму афзалиятнок сол аз сол зиёд шуда истодааст. Қайд карда шуд, ки ин шахсиятҳо умри пурбаракати худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшида, барои рушди ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд. Пешаи омӯзгорӣ кори пуршараф буда, рисолати бузурги таълиму тарбияи насли наврас бар дӯши омӯзгорон ва устодони соҳибтаҷриба аст. Омӯзгорони ноҳия аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, бо шукргузорию саодат ҷиҳати иҷро намудани рисолати таърихии худ, амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ, нақшаю…
3 октябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ноҳия ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии омӯзгорон баргузор гардид. Дар ҷамъомади тантанавӣ Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдурасул Абдунабиев, муовини Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарону кормандони соҳаҳои мухталифи ноҳия, собиқадорони ҷангу меҳнат, омӯзгорон, ҷавонону наврасон ва фаъолони ноҳия ширкат варзиданд. Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода суханронӣ намуда кулли омӯзгорон ва иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон самимона табрику муборакбод намуданд. “- Таҷлили имсолаи Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгорон ба худ шукӯҳу шаҳомати хосаро доро буда, дар соли ҷашни таърихии давлату миллат – 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардида истодааст. Бояд қайд намуд, ки Рӯзи забон ва Иди касбии омӯзгорон ин ду калимаи муҳим поягузори асолати миллӣ ва шоҳсутуни маърифату фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб ёфта, бо ҳамдигар иртиботи зич доранд, зеро миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни бисёрсолаи худ ифтихор дорад ва ин ҳама арзишҳои фарҳангӣ то замони мо маҳз тавассути забон ба ёдгор…
Ҳамдиёрони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишони равшани ҳуввияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрику муборакбод мегӯям. Мо ҳамасола ин Рӯзи таърихиро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоем. Ҳадафи мо аз ин ҷашн, аз як тараф гиромӣ доштани забони модариамон, аз ҷониби дигар мусоидат ба доираи истифодаи он ва татбиқи муқаррароти қонун дар бораи забони давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мебошад. Бояд қайд намуд, ки забони тоҷикӣ баёнгари тамоми арзишҳои бузурги маънавии халқи мо буда, тамаддун ва фарҳанги куҳанбунёд, ки мо бо онҳо ифтихор мекунем, то ба имрӯз маҳз бо воситаи забони модариамон ҳифз гардидааст, бо он забони латифе, ки матнҳои беш аз ҳазору дусад сол пеш навишташудаашро мехонему мефахрем, бо он забоне, ки садҳо ҳазорҳо бузургони суханвари ин марзу бум эҷод кардаанд ва осори ҷовидонаи худро ба имрӯзиён мерос гузоштаанд. Машҳуртарин шеъри адабиёти классикии тоҷикро, ки устодон ба мо омӯзондаанд ба қалами султони шоирон одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тааллуқ дошта, бо сатрҳои зерин: «Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, бартар аз дидори рӯйи дӯстон» оғоз мегардад, имрӯз ҳар яки мо бидуни ягон мушкилӣ мефаҳмем ва лаззати маънавӣ мебарем. Чӣ хеле, ки Асосгузори…
Устодону омўзгорони арҷманд! Ҳамасола якшанбеи якуми моҳи октябр ба хотири қадр кардани заҳмат ва фаъолияти содиқонаву самимонаи омӯзгорон ва аҳли илму маърифат дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат, ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии Рӯзи омӯзгорон сидқан табрику муборакбод намуда, дар симои ҳар яки Шумо, ба кулли омўзгорони ноҳия умри дароз, сарбаландӣ, хонаи обод ва дар иҷрои вазифа ва рисолати пуршарафи соҳибмаърифату соҳибкасб намудани насли ҷавону ояндасоз дастоварду муваффақиятҳои беназир таманно менамоям. Таҷлили ин санаи фархунда шаҳодати таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии давлату Ҳукумати мамлакат ба омӯзгор, яъне роҳнамову роҳкушои аҳли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба мақому мавқеи омўзгор дар пешрафти ҷомеа чунин таъкид намуданд: «Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд». Воқеан ҳам рушди ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маърифат, ташкили ҷараёни мураттабу…
1 октябри 2025 дар майдони “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” – и ноҳияи Деваштич маросими сафарбаркунии наваскарони ихтиёрӣ баргузор гардид, ки дар маросим Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, муовини раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, собиқадорони меҳнат, фаъолон, наваскарони ихтиёрӣ ва волидайни онҳо ширкат варзиданд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода даъватшавандагонро ба ин муносибат табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми августи соли 2025, №1071 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2025 ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд. Ҳамчунин, моҳҳои октябр-ноябри соли 2025 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томҳо даъват карда мешаванд. Ҳамчунин қайд гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди…