Ҷавонони азиз! Ҳамаи Шуморо, ки насли созандаи фардои Ватани маҳбубу соҳибистиқлол ҳастед, ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод гуфта, дар фатҳи қуллаҳои баланди зиндагӣ ва татбиқи ҳадафҳои неку оянда барору комёбиҳо орзу менамоям. Боиси руҳбаландии ҷавонони Тоҷикистон аст, ки ҳамасола аз соли 1998 инҷониб дар қаламрави кишвари азизамон санаи 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ин иқдом далолат бар он аст, ки дар ҷомеаи имрӯза мақоми ҷавонон рӯз аз рӯз боло рафта, нигоҳи Давлату Ҳукумат ба ин қувваи пешбарандаи ҷомеа, ҳамчун такягоҳи бузург афзун мегардад. Ҷавонон ва масъалаҳои алоқаманд ба ҷавонон дар меҳвари сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешавад. Қобили қайд аст, ки ҷавонон бақои кишвару миллат ва созандаи фардои Ватани маҳбуб, ҳамчун нерӯи созандаи кишвар, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа ба шумор рафта, дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақш ва мавқеи басо муҳимро касб кардаанд. Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳанги қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Ҷавонони тоҷик ба фарҳанги ниёгони хеш арҷ гузошта, аз мактаби олии бузургон сабақ мегиранд ва дар занҷири ақлҳо пайваст…