БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ РАҶАБ АҲМАДЗОДА АЗ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДАЛЁНИ БОЛОИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

13.10.2025
print

10 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич шинос гардид.

Бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари маркази шаҳру ноҳияҳо деҳоти дурдаст ҳам ободу зебо гардида, корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ бо маром идома дорад.

Дар Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич бо маблағгузории Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва саҳми сокинон беморхонаи наву замонавӣ бунёд гардида истодааст. Ин тадбири муҳим имкон медиҳад, ки бошандагони ҷамоат роҳи дарозро тай накарда, дар иншооти нав аз хизматрасониҳои тиббӣ истифода намоянд.

Раиси вилоят аснои боздид таъкид намуд, ки дар партави супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ дар деҳоти дурдаст тадбирҳои судманд меандешад. Баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ муассисаи нав бо дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ таъмин карда мешавад.

Дар ҷамоат ҳамчунин бунёди кӯдакистони нав ба нақша гирифта шуда, сокинону соҳибкорон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар амалӣ шудани ҳадафҳои нек саҳм мегузоранд.

Раиси вилоят бо лоиҳаи кӯдакистон шинос гардида, дастур дод, ки лоиҳа бознигарӣ карда шавад. Яъне бо назардошти зиёд будани аҳолӣ супориш дода шуд, ки бинои кӯдакистони нав бо фарогирии тамоми шароити зарурӣ ва мутобиқ ба талабот сохта шавад. Дар бунёди ин муассисаи томактабӣ сокинону соҳибкорон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия саҳм мегузоранд.

Дар Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич корхонаи истеҳсоли регу шағал ба истифода дода мешавад. Ин корхона бо саҳми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғончӣ” ташкил гардида, техникаву таҷҳизоти зарурӣ аз кишварҳои хориҷ ворид карда шудааст. Ба роҳбари вилоят маълумот дода шуд, ки дар ин мавзеъ захираи зиёди регу шағал мавҷуд аст ва бо истфода аз он маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол карда мешавад. Гуфта шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Деваштич ва гирду атрофи он корҳои сохтмонӣ дар иншоои гуногун ҷараён дорад. Аз ин хотир талабот ба регу шағал зиёд аст.

Дар ҳамин мавзеъ лоиҳаи корхонаҳои бунёдшаванда муаррифӣ карда шуд. Соҳибкорон азм доранд, ки дар заминаи дастгириҳои давлатӣ бо бунёди корхонаҳои нав дар рушди соҳаи саноат саҳм гузоранд. Тибқи нақша дар ин мавзеъ коргоҳи истеҳсоли регу шағал ба роҳ монда шуда, бо истифода аз маҳсулоти он коргоҳҳои асфалтбарорӣ ва маҳсулоти бетонӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Раиси вилят ташаббуси соҳибкоронро истиқбол намуда, иброз дошт, ки дар баробари зиёд шудани ҳаҷми маҳсулот ҷойҳи нави корӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар идомаи сафари корӣ роҳбари вилоят бо рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои нави таълимӣ шинос шуд. Гуфта шуд, ки бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар заминаи ҳидоятҳои Сарвраи давлат бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия роҳандозӣ мегардад. Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта мешавад. Мактаби нав барои 1400 нафар дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он толои варзишӣ, маҷлисгоҳ, маркази гармидиҳӣ ва дигар иншооти ёрирасон ҷой дода мешавад.

Раиси вилоят ба масъулин ва пудратчиён супориш дод, ки корҳои сохтмониро мувофиқи талаботи меъморӣ ва босифат анҷом диҳанд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code