Ҷавонони азиз!
Ҳамаи Шуморо, ки насли созандаи фардои Ватани маҳбубу соҳибистиқлол ҳастед, ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод гуфта, дар фатҳи қуллаҳои баланди зиндагӣ ва татбиқи ҳадафҳои неку оянда барору комёбиҳо орзу менамоям.
Боиси руҳбаландии ҷавонони Тоҷикистон аст, ки ҳамасола аз соли 1998 инҷониб дар қаламрави кишвари азизамон санаи 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ин иқдом далолат бар он аст, ки дар ҷомеаи имрӯза мақоми ҷавонон рӯз аз рӯз боло рафта, нигоҳи Давлату Ҳукумат ба ин қувваи пешбарандаи ҷомеа, ҳамчун такягоҳи бузург афзун мегардад.
Ҷавонон ва масъалаҳои алоқаманд ба ҷавонон дар меҳвари сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешавад.
Қобили қайд аст, ки ҷавонон бақои кишвару миллат ва созандаи фардои Ватани маҳбуб, ҳамчун нерӯи созандаи кишвар, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа ба шумор рафта, дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақш ва мавқеи басо муҳимро касб кардаанд.
Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳанги қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Ҷавонони тоҷик ба фарҳанги ниёгони хеш арҷ гузошта, аз мактаби олии бузургон сабақ мегиранд ва дар занҷири ақлҳо пайваст шуда, ҳамаи ин неъматҳои ахлоқиро сармашқи зиндагӣ ва фаъолияти хеш қарор медиҳанд.
Хурсандибахш аст, ки баргузории роҳпаймоии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат!», озмунҳо таҳти унвони «Фарҳанги оиладории ҷавонон», «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ», «Илм – фуруғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», Рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои низомӣ, баргузории мусобиқаҳои варзишӣ оид ба намуди шоҳмот, дави миллӣ, аёдати ҷавонон аз оилаҳои камбизоат ва имконияташон маҳдуди ноҳия низ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонон роҳандозӣ карда шудаанд.
Боиси қаноатмандист, ки давра ба давра аз ҳисоби ҷавонон намояндагони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Маҷлиси намояндагони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот афзуда, инчунин 59 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ гирандагони Идрори Президентӣ, 55 нафар гирандагони Идрори Раиси ноҳия ва 25 нафар ҷавонони завқи фарҳангӣ дошта, бо ғамхорӣ ва кӯмаки доимии Раиси ноҳия фаро гирифта шудаанд.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки беш аз 500 нафар ҷавонони ноҳия дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ қарзи шаҳрвандиро ба ҷо меоранд ва аксарияташон аълочиёни хизмати ҳарбӣ мебошанд. Дар мавсими баҳории гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҷавонони баору номуси ноҳия азми хизмати Ватан-Модарро намуданд, ки аксарияташон ихтиёрӣ буда, боиси ифтихори ҳар яки мо мебошанд.
Сафи иштирокчиёни мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи вилоят, ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ низ афзуда истодааст. Варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ иштирок намуда, дар давоми соли ҷорӣ соҳиби 86 медал, аз ҷумла 29 медали тилло, 39 медали нуқра ва 18 медали биринҷӣ гардиданд.
Дар озмунҳои ноҳиявии «Ҳамшираи сол», «Муаллими сол», «Мураббии сол», «Тарроҳи беҳтарин» ҷавонони зиёди болаёқати корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фарҳанг ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия фаъолона ширкат варзида, малакаву маҳорати касбӣ, истеъдод, ҳунару дониши худро намоиш доданд.
Боиси сарфарозист, ки дар даври ҷумҳуриявиии олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона иштирок намуда, 7 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ин дастовард боиси ифтихор ва сарбаландии тамоми сокинони ноҳия ба ҳисоб меравад.
Вазъи пуртазоди ҷаҳони имрӯза, вусъатёбии ҳодисаҳои терроризм ва экстремизм аз мову Шумо – ҷавонон аз ҳарвақта бештар ҳушёриву зиракии сиёсиро талаб менамояд.
Моро зарур аст, ки ба тақдири насли наврас, фарзандони худ бефарқ набошем, ҷиҳати тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ корҳои фаҳмондадиҳиро аз ҳарвақта бештар ҷоннок намоем.
Изҳори умед карда мешавад, ки дар ин самт кӯшишу ғайрати Шумоён ҷавонон ба шарафи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дучанд хоҳад гашт.
Дар фарҷом кулли ҷавонони саодатманди ноҳияро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба ҳар яки шумо баҳри рушди минбаъдаи кишвар сиҳатмандиву саломатӣ, дар кору фаъолияти пурсамаратон барору комёбиҳо орзу менамоям.
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бошад!

Шарҳ нест