АМНИЯТИ ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ ҶУЗЪИ МУҲИМИ АМНИЯТИ МИЛЛИСТ

23.12.2020

print
Дар замони муосир муборизаи давлатҳо барои дастёбӣ ба минтақаҳои аз лиҳози геополитикӣ муҳим беш аз пеш меафзояд. Дар ин росто яке аз шеваҳои маъмулӣ ва роиҷи мубориза набарди иттилоотӣ аст. Набарди иттилоотӣ раванди муборизаи ҳадафмандонаи давлатҳо, ҷомеаҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву иҷтимоӣ тавассути интишори иттилооти ба таври махсус таҳия ва барномарезишудаест, ки ба тағйир додани афкори омма ва мутобиқ кардани он ба ҳадафҳову манфиатҳои интишордиҳандаи иттилоот нигаронида шудааст. Ин набардро таҳоҷуми иттилоотӣ, набарди равониву истихборотӣ (англ. Information and psychological warfare; русӣ: ”информационно-психологическая война”) низ мегӯянд. Дар ин набард, мутаассифона, на фақат корбурди иттилооти саҳеҳ, балки тамоми анвоъи иттилоот низ ҷоиз дониста мешавад, аз ҷумла дасисаангезӣ, туҳмат, беобрӯкунии рақиб, таҳрифкорӣ ва ғайра.

Кишвари мо дар сарҳади бархурди манофеи давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ва минтақа қарор дорад, аз ин аст, ки ҳамеша дар маърази таҳдиди таҳоҷуми иттилоотист. Ҳар давлати манфиатҷӯе дар ин арса ба шеваҳои хос ва аҳдофи мушаххас пружаи зеҳниятсозии худро роҳандозӣ кардан мехоҳад. Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар ин самт тарғиби рӯзафзуни омӯзаҳо ва ғояҳои тундравонаи диниву мазҳабӣ аст, ки дар фазои иттилоотии кишвари мо тавассути баъзе нерӯҳои хориҷӣ ва гумоштагону муздурони дохилии онҳо ба таври мунтазам интишор дода мешавад. Маҳз ҳамин нерӯҳои дохиливу хориҷӣ буданд, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта боиси шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷомеаи мо гардида, Ватанро вайрону мардумро саргардон карда буданд. Дар шароити кунунӣ низ нерӯҳои зиддиконститутсионӣ ва ифротгарои мазкур таҳти ҳимояи сарпарастони бурунмарзии хеш аз нав бо пайгирии пружаи исломи сиёсӣ мехоҳанд, ки дар зеҳнияти аҳли кишвари мо арзишҳои миллӣ ва ҷомеаи дунявиро беқурб карда, афкори оммаро ба нафъи худ шакл диҳанд. Дар ин ҷода пештар ва бештар аз ҳар нерӯи мухолифе ТТЭ ҲНИ ва ҳомиёни хориҷии он дастбакор шудаанд. Асоситарин ҳомии ТТЭ ҲНИ режими охундии Эрон аст, ки аз аввалин солҳои фаъолияти сиёсии ин ҳизби тундрав, яъне аз замони шурӯъи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба таври маънавӣ ва моддӣ ба он кумак мерасонид.
ҶИЭ он замон бо таҳрик додани рӯҳониёни иртиҷоӣ мехост, ки дар кишвари мо ҳукумати мазҳабиро ба сари қудрат орад, дар ҳоле, ки дар миёни мардуми тоҷику эронӣ ба ҷуз дину мазҳаб умумиятҳои зиёде вуҷуд доштанд, аз ҷумла забону фарҳанг, таърих, арзишҳои муштарак ва умуман, манфиатҳои миллие, ки бар мабнои онҳо имкони ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди мутақобила вуҷуд доштанд. Дидгоҳи назарияпардозону теократҳои ҶИЭ доир ба мафҳуми “манфиати миллӣ” дар қиёс ба таърифҳои маъмулии ин мафҳум хеле тафовут дорад. Таҳти мафҳуми “манфиати миллӣ” дар кишварҳои мардумсолор маҷмӯи манфиатҳои бунёдӣ, воқеӣ (объективӣ) ва ҳақиқие фаҳмида мешавад, ки барои қонеъ кардани муҳимтарин ва воқеитарин талаботу ниёзмандиҳои табақаҳои як ҷомеа ва ҳифзи бақову рушду тараққии он нигаронида шудааст. Давлат ҳамчун дастгоҳи ҳифзи манофеи миллӣ муваззаф аст, ки ҳамеша барои расидан ба ин ҳадафи ҳамеша афзоянда талош варзад. Аммо аз дидгоҳи назарияпардозону теократҳои ҶИЭ манфиати миллӣ ҷанбаи муғлақи абстрактӣ дорад. Онҳо ҳифзи давлати исломӣ, густариши қаламрави ислом (дорулислом) аз тариқи судури инқилоби исломӣ ва татбиқи муқаррароти шаръиро дар чаҳорчӯби мазҳаби шиа аз ҷузъиёти аҳдоф ва манофеи миллӣ медонанд. Аз ин буд, ки ҶИЭ на ба давлату миллати тоҷик, балки ба як нерӯи маҳдуди исломиёни сиёсӣ дасти дӯстӣ дод, ки аксаран таҳти ливои ТТЭ ҲНИ ҷамъ омада буданд ва бунёди давлати теократиро дар Тоҷикистон аз тариқи муборизаи мусаллаҳона барои ғасби ҳокимияти конститутсионӣ тарғиб мекарданд.
Ин ҳадафи ТТЭ ҲНИ бо аҳдофи тавсеаталабонаи теократҳои ҶИЭ ҷиҳати судури инқилоби исломӣ комилан мувофиқ буд. Барои татбиқи пружаи тавсеаталабонаи “судури инқилоби исломӣ” ниҳодҳои қудратии ҶИЭ худ дар кишварҳои мусулмоннишини минтақа шабакаи террористие ба вуҷуд оварда буданд, ки тавассути он бо роҳи зӯроварӣ ҳокимияти сиёсии мавҷударо дар ин кишварњо тағйир додан мехостанд. Боиси таассуф аст, ки онҳо ТЭТ ҲНИ-ро низ дар он замон яке аз ҳамин гуна абзорҳои татбиқи лоиҳаи инқилобии худ тасаввур карда, онро ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд. Мутаассифона, то ҳол ҶИЭ ҳизби террористии наҳзатро барои худ чунин абзори сиёсие тасаввур мекунад ва дар ин замина ба он мунтазам кумаки моддиву маънавӣ мерасонад.

Ҳанӯз аз солҳои 90-уми асри гузашта, вақте ки гурӯҳҳои мусаллаҳи ТТЭ ҲНИ барои барҳам задани сохтори конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талош варзида ба ҷои он давлати исломӣ бунёд кардан мехостанд, нерӯҳои вижаи низомии Ҷумҳурии исломии Эрон размандаҳои ТТЭ ҲНИ-ро дар урдугоҳҳои махсус ба омӯзиш фаро гирифта, ба онҳо усули муборизаҳои террористӣ ва экстремистиро меомӯхтанд. Ҳамкориҳои ТТЭ ҲНИ бо мақомоти махсуси ҶИЭ ҳам дар арсаи идеологиву назарӣ ва ҳам дар арсаи низомӣ хеле густурда буданд. Садҳо аъзои ТТЭ ҲНИ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз тарафи коршиносону мутахассисони низомии ҶИЭ бо шеваи мактабҳои махсуси террористӣ тарбият ёфта, баъд аз пушти сар кардани мароҳили омӯзишӣ барои амалиёт ба кишвари мо фиристода мешуданд.
ҶИЭ барои ҳамеша фаъол нигоҳ доштани ҷабҳаи ҷанги иттилоотӣ шабакаи пойгоҳҳои иттилоотии тавтиаандозеро сарпарастӣ мекунад, ки сомонаҳои “Ислоҳ.нет”, “Паём.нет”, “Востон-нюс”, “Наҳзат.орг”, “Рисолат.тҷ”, “Бомдод” ва ғайра аз зумраи онҳост. Ин сомонаҳоро на фақат ҶТ пойгоҳҳои иттилоотии ифротӣ медонад. Ба ин қарибӣ – 20-уми декабри соли равон дар торномаи “www.ozodi.org” оид ба фаъолияти сомонаи “Рисолат.тҷ” хабар нашр шуд, ки онро ҶИЭ сарпарастӣ мекард, аз тарафи Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қатори 92 расонаи ифротӣ мамнуъ дониста шуд. Ба вижа, алоқамандии ТТЭ ҲНИ ва СПИИ ҶИЭ ин ҷо бояд зикр гардад, ки ҳар рӯз бар зидди манфиатҳои миллии ҶТ хабарҳои бардурӯғро нашр менамуданд.
Дар баробари ин, гурӯҳҳои манфиатдори ин кишвар, ки наҳзатро сарпарастӣ мекунанд, кӯшиш мекунанд, ки вазъиятро дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистони ҶИА хароб созанд. Бо ин мақсад гуруҳҳои терористӣ ва пеш аз ҳама қаноти ҷангии ТТЭ ҲНИ – созмони “Ансоруллоҳ”-ро мавриди истифода қарор медиҳанд. Анҷом ёфтани ҳамлаи террористӣ аз сӯи ин созмон ба вулусволии Моҳимайи Афғонистони Бадахшон санаи 19.11.2020с. ва зимни он кушта шудани даҳҳо нафар исботи ин гуфтаҳост. Яъне бо ин амалҳо наҳзатиҳо ва пуштибонҳояшон мехоҳанд ба Тоҷикистон фишор оранд ва давлату миллати моро тарс диҳанд.
Бо зикри ин далелҳо бояд махсус гуфта шавад, ки мардуми Эрон бо тоҷикон ҳамхун ва ҳамтаборанд ва тоҷикон бо шаҳрвандони одии Эрон ҳеҷ мушкилӣ надоранд. Ин корҳое, ки сурат мегирад ва ҳифзи давлати тоҷиконро халалдор месозанд, кори режими охундӣ аст, на мардуми Эрон. Мардуми Эрон – дӯст ва бародари тоҷикон ҳаст ва то абад боқӣ мемонад.
Дар замони ҳозира ҷанги иттилоотӣ беш аз пеш шиддат гирифта истодааст, ки ҳадаф аз роҳандозии он ҳамвор кардани роҳ барои дахолати амалии субъектҳои сиёсӣ дар қаламрави объектҳои сиёсӣ ва дастрасӣ ба сармояҳои табииву инсонии онҳост. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки барои ҳифзи амнияти фазои иттилоотӣ ва идеологии кишварамон беш аз ҳарвақта талош варзем. Воқеаҳои охири Белорусу Қирғизистон бозгӯи онанд, ки то чӣ андоза зеҳниятсозӣ ва мағзшӯии ҳадафмандонаи коргардонҳои саҳнаи геополитикӣ метавонад таъсиргузор бошад. Тазоҳуроту бархурдҳои иҷтимоиву сиёсие, ки дар кишварҳои мазкур сурат гирифтаву ҳанӯз ҳам ҷараён доранд, бидуни шубҳа паёмади таҳоҷуми иттилоотие ҳастанд, ки давлатҳои муайян онҳоро ба хотири манофеи худ роҳандозӣ мекунанд.
Бинобар ин, ҳифзи амнияти фазои иттилоотӣ ва идеологии кишвар дар шароити кунунӣ масъалаи воқеан мубрамест, ки масъулияти анҷом додани онро ҳар фарду марду ҷомеаи мо бояд дарк кунад ва дар ин росто дастбакор шавад. Дар ин ҷода беш аз ҳама зиёини кишвар бояд пешсаф бошанд. Мутаассифона, аксари зиёиёни кишвари мо дар баробари таҳоҷуми рӯзафзуни бадхоҳону душманони кишварамон, ки аксаран намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ мебошанд, мавқеи бетафовутонаву бетарафона ихтиёр кардаанд, ки ин худ падидае нигаронкунанда ва таассуфбарангез аст. Дар асл, зиёиён бояд мавқеъгирии давлатӣ дошта бошанд ва дар ростои ҳифзи манофеи миллӣ масъулиятшиносона амал кунанд.

Ардамеҳр Ашуров,
номзади илмҳои сиёсӣ,
ходими калони илмии АМИТ

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code